Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мавқеи ў мавқеи як нафар тамошогари хориҷӣ набуда, балки як дўсти ғамгусорест, ки аз дилу ҷон хушбахтӣ ва озодии халқи ҳиндуро мехоҳад. Бинобар ин, муқоисаи кишвари Ҳиндустон бо мамлакати шўравӣ ва ифтихор аз шаҳрванди давлати советӣ будан на бо оҳанги кибру ғурур, балки чун даъват ва раҳнамоӣ ба дўстони ҳинду садо медиҳад.
М. Турсунзода гоҳ бо рамзу маҷоз ва гоҳи дигар ошкоро дўстони ҳиндуро ба талошу мубориза баҳри озодӣ даъват мекунад ва хонанда эҳсос менамояд, ки агар зарурат пеш ояд, худи шоир ва тамоми халқе, ки ў намояндагӣ мекунад, ба кўмак хоҳанд расид.
Зимни тазоду муқобала, тавсифҳои пурғунҷоиши ифодагари ҳиссиёт, ташбеҳу истиораҳои маҳсус ва равшан, лафзи содаи орӣ аз таъқиду печидагӣ шоир матолиби иҷтимоиро дар қолаби шеър ҷо додааст. Дар назми сиёсӣ бо «Қиссаи Ҳиндустон» раванди мавзўии нав оғоз ёфтааст, зеро агар дар ашъори шуарои насли солҳои 20-30-юми садаи бист ситоиш ва тавсифи рўзгори инқилобӣ ва воқеияти замон тарҷеҳ дошта бошад, дар силсилаи мазкур мавзўи озодии башарият ба миён омадааст.
Аз нигоҳи имрўз низ ин силсилаашъор бо далоили зерин моҳияти худро гум накардааст:
а) То ба имрўз «Қиссаи Ҳиндустон» намунаи нодири силсилаашъор дар мавзўи байналмиллӣ аст.
б) Бо вуҷуди сиёсатзада будан дар лобалои ин ашъор муҳаббат ба Ватан, ифтихор аз он бо сидқу самимияти ростин ифода ёфтааст.
в) Дар давоми бештар аз ним аср баъди таълифи «Қиссаи Ҳиндустон» вазъи сиёсии ҷаҳон комилан иваз шуд, кишвари шўравӣ барҳам хўрд ва он ҳарфҳое, ки Турсунзода барои ҳиндуҳо гуфта буд, кўҳна шуданд. Аммо мавзўи дўстиву бародарӣ миёни халқҳои башар, хоса халқҳои ҳамсоя аз мавзўъҳои мондагори адабиёт ва шеъри сиёсӣ боқӣ мемонад. Бинобар ин, «Қиссаи Ҳиндустон» чун ифодагари ҳиссиёти инсонгарӣ, раҳму шафқат ва бародариву дўстӣ мактаби омўзиши шоирони наслҳои дигар хоҳад буд.

пешина
аз 500
навбатӣ