Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Тоҷмаҳал»
Бо хаёли диёри Ҳиндустон,
Ҳиндуи номуроди рўи ҷаҳон...
Хоби шабҳои хуш ҳаром кунам,
Қиссаи хешро давом кунам.
«Сайёҳи Ҳинд»
Дидани ғоратшуда Ҳиндустон, – Ҳолати тоқатшикани ҳиндуён...
Дар дили мо кўҳсифат зам шуданд – Кўҳи бузурги аламу ғам шуданд.
«Қадаҳи ман»
Шодам, аммо мехўрам ғамҳои халқи дигаре, Дар назар меоварам тороҷгашта кишваре.
«Бозгашт»
Ҳамин ҳиссиёти бетараф набудан ба ҳоли ҳиндуҳо, ки бо калимаву ибороти «ҷигарам пора шуд», «ашкам рехт», «сўхтам», «хоби хушро ҳаром кардам», «дар дилам кўҳи алам шуд», «мехўрам ғамҳои халқи дигаре» ва ғайра шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон»-ро хеле самимӣ ва пуризтиробу муассир намудаанд.
Ҳақ ба ҷониби адабиётшиноси маъруф А. Сайфуллоев аст, ки навиштааст: «Мирзо Турсунзода тамоми силсилаи шеърҳои Ҳиндустонии худро аз мавқеи муносибати дўстонаи халқҳои шўравӣ ба Ҳиндустон эҷод кардааст. Аз ҳайси ҳунари шоирӣ низ силсилаи мазкур дар эҷодиёти адиб марҳалаи нав ба вуҷуд овард». Иқтибос аз шоири шаҳири авар (доғистонӣ) Расул Fамзатов низ бамаврид аст: «Шоирони зиёде ба хориҷа мусофират карданд ва аз он ҷой бо худ суруди халқҳои дигарро оварданд. Аммо «Қиссаи Ҳиндустон»-и Мирзо Турсунзода бо шеърияти баланди худ ва эҳсоси самимие, ки аз ғами мардуми ҷабрдидаи ҳинду ва фахри кишвари хеш сар задааст, ҳусни таваҷҷўҳи умумро ба худ кашид».
Хулоса, маълум мешавад, ки «Қиссаи Ҳиндустон» марҳалаи наве дар шеъри сиёсии тоҷик ва дар эҷодиёти М. Турсунзода аст. Агар шоирони насли моқабли ў Лоҳутиву Пайрав Сулаймонӣ рўзгори талху пуразоби халқи ҳиндуро ба воқеият наздик инъикос карда бошанд, дар шеъри Турсунзода эҳсоси самимияту бародарӣ, хайрхоҳиву ғамшарикӣ хеле равшан ифода ёфтааст.

пешина
аз 500
навбатӣ