Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Харобиовар будани вуруди бегонагонро шоир бо изтироб дар шеъри «Боғи муаллақ» ҳам таъкид мекунад:
Ногаҳон аз Fарб омад киштии бегонагон,
Гашт вайрон акси боғи сабз аз ин бори гарон.
Ё ба ҳинду ингилисҳо меҳрубонӣ мекунанд?!
Обҳои хоки онро посбонӣ мекунанд?!
Ва худ бо қатъият ба ин суолҳо ҷавоб мегўяд:
Ҳаргиз он сон нест,
Ҳаргиз! Нест ин сон, ҳеч гоҳ!
Балки биншастаст мисли доғ дар рухсори моҳ!
Дар ағлаби шеърҳои силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон» муаллиф рўзгори сангини ҳиндувонро бо зиндагии озоду пурнишоти мардуми шўравӣ, аз ҷумла тоҷикон ба муқоиса мегузорад, ки зимнан даъвати пўшидаест барои интихоби роҳи сиёсии кишвар:
Дароз он дастҳоеро, ки дидам
Ба сўи одами ин мулки аъзам, –
Ба сўи одами озоди гетӣ –
Саодатманд фарзанди советӣ.
«Қиссаи Ҳиндустон»
Омадам ман ба назди ту меҳмон
Аз шукуфтадиёри тоҷикон.
«Рўди Ганг»
Дар диёри аъзами пуршони ман,
Эҳ, чӣ хушбахтанд фарзандони ман.
«Сайёҳи Ҳинд»
Ман ки ҳастам гражданини СССР,
Узви хушбахти хонадони кабир.
Тобеи давлати ҳақиқатдўст,
Адлҷўянда то ба хуну пўст.
«Тоҷмаҳал»
Роҳи фикри болшевики номдор
Роҳи халқи аъзами пуриқтидор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё