Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Шоир ба тариқи муқобилгузорӣ ҳоли мардуми мазлуми ҳинду ва мағрибиҳои ғоратгарро тасвир мекунад:
Меҳнати деҳқонписару коргар, Аз ҳама ашёи ҷаҳон муфттар.
Аз чӣ ҷавонон ҳама қоматхаманд?
Аз чӣ надоранд сари худ баланд?
Аз чӣ бувад шаҳр пур аз кўру ланг?
Аз чӣ сари мардуми мискин гаранг?
Ва дар қиёс бо ин гурўҳ:
Мегузарад мағрибии худписанд Карда сару бинии худ баланд.
Бозикунон чўб-асоро ба даст
Шому саҳар роҳ равад мисли маст...
Дар сари ў нест ба ғайр аз ғурур, Дар дили ў мақсади айшу сурур.
Ҳадафи шоир ва ғояи шеър дар байти зер ифода ёфтааст:
Ҳукми вай имрўз агарчи равост, Пояи ин ҳукм вале бебақост!
Такрори секаратаи ин байт дар поёни се банди шеър матлаби муаллифро боз ҳам равшантар бозгў мекунад ва хонанадаро бовар мекунонад, ки ранҷу азияти халқи ҳинду ҳатман ба поён мерасад ва ин мардуми ранҷур ба озодӣ хоҳад расид.
Дар шеъри «Рўди Ганг» рўди азиму пуршаҳомати Ганг андешаҳои ғамангезро дар зеҳни шоир ангеза медиҳад. Ба назари шоир чунин менамояд, ки рўд аз оби чашмҳои гирён ва арақи деҳқон пур шудааст ва аз он ки одамони бадкирдор пули оҳанине ба дўши ў бор карда қаторҳои пур аз ҷавоҳирро ба сўи Fарб мебаранд ва кўдакони бечораро аз ризқу рўзӣ маҳрум мекунанд, сархаму ғамзадаву хомўш «меравад сўи баҳр».
Шоир бо ифтихор аз Тоҷикистони шукуфон будани худро ба рўд мегўяд ва дар охир хоҳиш мекунад, ки:
Рўдворона зиндагонӣ кун!
Ҷўш зан, ҷўш зан, ҷавонӣ кун!
Дар ҳамин байти охир ва ҷамъбастӣ манзури шоир маҳкум намудани сархамиву тобеият, даъват ба мубориза бар зидди истилогарони хунхору ҳарис ва бедор кардани шавқу шўри зиндагӣ дар дили мардум аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё