Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ин сарзамини пурҷозиба худдорӣ мекунад, вале дар асл ин ҳама аҷоиботро мухтасар бармешуморад:
Нагўям ман дар ин як шеъри кўтоҳ Зи ҳар чизе ки мо гаштем огоҳ.
Нагўям ман на аз ҷодугаронаш На аз чашмони тарсодухтаронаш...
Ҳамин усули баён бо таркиби «на аз...» дар 15 мисраъ идома мекунад ва адиб батадриҷ аз тасвири зебоиҳои ин кишвар ба баёни ҳоли мардуми заҳматкаш мегузарад, вале вақте ки ба ифшои матлаб шурўъ мекунад, аён мешавад, ки ҳоли махавҳо – чўхраву чамарҳо ўро сахт ба риққат овардааст:
Чӣ нуқсон дорад ин мардум, ки ин сон Надорад қадру қимат мисли инсон?...
Магар ин каста авлоди башар нест, Ки аз ў дигаронро ҷуз ҳазар нест?!
Шоир бо изтироб сабаби ин ҳолро меҷўяд ва беҳуқуқии ин мардумро дар зулми замона ва бетарафии истилогарони англис мебинад:
Ба ин оину ин расми хабисӣ
Чаро розист лорди ингилисӣ?!
Баъд аз баёни чунин ҳоли ҳузнангез шоир мавқеи худро ба ҳайси як нафар намояндаи кишвари шўравӣ зоҳир мекунад.
Ў дар давоми меҳмонии якмоҳа бо мазлумони зиёде ҳамсўҳбат мешавад ва чеҳраҳои онҳоро ҳамешагӣ дар лавҳи хотир сабт мекунад. Он чи дар ин кишвар ў мебинад ва бо вазъи мардуми шўравӣ онро қиёс мекунад, дар дилаш ҳисси бузурги ифтихори фарзанди советӣ буданро боз ҳам нерў мебахшад:
Дароз он дастҳоеро, ки дидам.
Ба сўи одами ин мулки аъзам, – Ба сўи одами озоди гетӣ –
Саодатманд фарзанди советӣ.
Дар «Меҳмони мағрибӣ» низ воситаи асосии тасвир тазоду муқобала аст. Шеъри мазкур аз шаш банди нобаробармисраъ таркиб ёфта, дар ду банди аввал Турсунзода хеле муфассал ва бо шефтагии тамом аз зебоӣ ва мўъҷизаҳои нотакрору дилфиреби Ҳиндустон сухан меронад. Дар чаҳор банди сонӣ сухан аз ҳирсу ғоратгарии истилогарони мағрибӣ меравад, ки тамоми сарвати ин сарзамини ғановатмандро ғасб кардаанд.

пешина
аз 500
навбатӣ