Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Адиб эҳсос мекунад, ки халқи ҳинду наметавонад ба чунин асорату шиканҷа зиёд тоқат кунад ва ба истилогарон ҳушдор медиҳад, ки:
Ҳазар, ки оташи исён дубора афрўзад, Чунон ки хайли сипоҳе намуда буд ба по!
Шарорааш хасу хошоки ғайрро сўзад, Ба хоки тира нишонад рақибро якҷо.
Байти ҷамъбастии шеър киноя ба рўзи сиёҳи мардуми ин кишвари сарватманду зебоманзар ва пуровоза аст:
Сиёҳии тани ҳинду зи чист, медонӣ?
Зи баҳри мотами Ҳиндустон гирифта азо!
Ҳиндуҳои нимбараҳнаи лоғару сиёҳпўстро дар ҳоли иҷрои корҳои сангини ҷисмонӣ ва ё гадоӣ тасаввур намуда, хонанда низ фикр мекунад, ки инқилобе бояд сар занад, ки ин мардуми оромтабиату содаву ҷафокашро ба озодӣ расонад.
Мирзо Турсунзода низ, чунонки ишора шуд, дар шеърҳои ҳиндустониаш бо роҳи муқоисаву муқобала матлаби худро баён мекунад ва агар як заминаи муқоиса вазъи дирўзу имрўзи Ҳиндустон бошад, заминаи дигар қиёси вазъи Ҳиндустон бо кишвари шўравист. Дар аввалин шеъри силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон», ки «Бозгашт» ном дорад, шоир аз бозгашт ба Ватан басо хушҳол аст, вале «ғамҳои халқи дигар», «тороҷгашта кишвар» ва ёди «халқи ҳиндуи ситамкаш» ўро азият медиҳанд. Ин шеър ба қавли худи шоир «пур аз меҳру вафост».
Банду басти шеъри «Қиссаи Ҳиндустон» хеле ҷолиб аст.
Ба ҷои катиба шоир аз мавҷудияти 60 миллион «нафратзадагон» дар Ҳиндустон хабар дода, дар оғози шеър ҳикоятеро аз номи бобо дар бораи ҷой доштани маҳалли махсуси махавҳо дар Самарқанди пеш аз инқилоб нақл мекунад ва дар поёни он ҳикояти тозае сар мекунад:
Ту дигар дар Самарқанд ин чунин кас Набинию нахоҳӣ дид аз ин пас.
Кунун ман худ бигўям бачагонро Ҳикоятҳои ғамноки ҷаҳонро.
Ба Ҳиндустон сафар кардам замоне Ман аз ин кишвари чун бўстоне.
Дар байтҳои дигар шоир зоҳиран аз тасвири манзараҳои

пешина
аз 500
навбатӣ