Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин лаҳзаи ҳассосро Лоҳутӣ бо изтироби бузург ба қалам додааст:
Сипоҳӣ муштарӣ, мардон тамошогар, занон ҳайрон...
Ба ҷои ёғиён, аммо, хазорон мардуми урён.
Ба лабҳое ҳама хушку рухи зарду тани ларзон:
Зану фарзанди мазлумон, на ёғиҳо, на тоғиҳо.
Ҷилавхони сарои ҳукмрон пур шуд зи муздурон Дар он сесад ҳазор одам набуд асло тане фарбеҳ.
Ҳама фарёд мекарданд: «Султон шоду рўзаш беҳ! – Саре як нон ба музди мо ба ҳар рўзе фузунтар деҳ!»
Тасвир дар ин чанд байт хеле зинда аст. Тўдаи бузурги мардону занони лоғару гурусна бо илтиҷо назди ҳукмрон омаданд, аммо на танҳо касе ба шикваю талаби онҳо гўш надод, балки бо амри фармондеҳ ин мазлумон ба ҳалокат расиданд.
Тамоми фоҷиа дар як байт ғунҷонида шудааст:
Ҷавоби халқро фармони «Оташ!» дод фармондеҳ, Пас аз чанде набуд ҷуз куштаву хун андар он майдон.
Агар дар шеъри Лоҳутӣ танҳо инъикоси як воқеаи хунини бедодгарӣ ва беадолатӣ ба мазлумони ҳинду ба мушоҳида расад, шеъри Пайрав Сулаймонӣ ба муқобили истисморгарони берунӣ – истилогарони англис нигаронида шудааст.
Дар шеъри Пайрав Сулаймонӣ «Ҳиндустон», ки соли таълифаш 1928 аст, бунёди тасвир ва ангезандаву муҳаррики фикр муқоисаву муқобала аст. Муқоисаи вазъи мозиву ҳоли Ҳиндустон тору пуди шеърро ба ҳам пайвастааст. Дар ду байти аввал шоир бо усули пайи ҳам чидани калимоти ифодагари бадбахтӣ аҳволи кишвари Ҳиндро баён мекунад:
Фишору зулму тааддию ҷавру бедодӣ, Ҳуҷуму ҳамлаву таҳқиру макру ҳила, дағо...
Гирифта селсифат Ҳиндро, ту пиндорӣ Ба ҷои сабза дар ин хок руста маргу вабо.
Ҳафт байти дигар сафаҳоти пурифтихору шавкатафзои ин сарзамини афсонавиро бо китобхонаву дорулулум, чаманҳои беназир ва сарватҳои бебаҳо боз мекунад. Дар абёти боқӣ шоир бо ҳазор афсўс дубора ёдовар мешавад, ки:
Кунун ба панҷаи бедоди инглис асир, Забуну бекасу бадбахту аз ҳуқуқ ҷудо.

пешина
аз 500
навбатӣ