Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар заминаи силсилаашъори «Қиссаи Ҳиндустон»-и Мирзо Турсунзода имкон дорад, ки мавқеи ин шоир аз чашмандози имрўз мавриди таҳқиқ қарор гирад. Дар радифи ашъори ба кишварҳои дигар бахшидаи М. Турсунзода Ҳиндустон ҷойгоҳи махсус дорад. Зимнан, ҷои таъкид аст, ки сафари Ҳиндустон ҳамеша орзуи кулли мардуми фарҳангдўст, хоса шоирон буд ва байти зерини Соиби Табрезӣ низ гувоҳи ин даъвост:
Ҳамчу азми сафари Ҳинд, ки дар ҳар сар ҳаст, Рафъи савдои ту дар ҳеч саре нест, ки нест.
Раҳоварди сафарҳои М. Турсунзода ба Ҳиндустон силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон» мебошад, ки аз ду қисм иборат буда, дар қисми аввал шеърҳои «Бозгашт», «Қиссаи Ҳиндустон», «Меҳмони мағрибӣ», «Рўди Ганг», «Боғи муаллақ», «Тара Чандри», «Дар ёди кас» ва дар қисми дувум «Сайёҳи Ҳинд», «Тоҷмаҳал», «Дар орзуи ошён», «Қадаҳи ман», «Кулоҳи профессор Ахвледиани» ва «Ду роҳ» ҷой гирифтаанд.
Ҳамин силсилаи ашъор кофист, ки на танҳо вазъи сиёсиву иҷтимоии сарзамини Ҳинд дар солҳои 40 садаи бист ва мавқеи сиёсии шоири шўравӣ дар муносибат ба ҳоли ҳиндуҳо ошкор шавад, балки усулҳои асосии тасвир дар шеъри иҷтимоии замон низ ба мушоҳида оянд.
Агар аз ҳамин назаргоҳ шеъри Турсунзодаро бо ашъори марбут ба мавзўи Ҳиндустони шуарои дигар муқоиса кунем, ин фикр возеҳтар хоҳад шуд. Дар солҳои 20 садаи бист мавзўи мазкур аз назари шоирон дур намондааст.
Шеъри Абулқосим Лоҳутӣ «Дар Калкатта», ки соли 1923 дар Маскав таълиф шудааст, шояд аввалин шеъри марбут ба мавзўи Ҳиндустон дар назми шўравии тоҷик бошад. Бунёди ин шеър бар як воқеаи пурфоҷиаест, ки дар Калкатта – яке аз бузургтарин шаҳрҳои Ҳиндустон рух додааст. Шоир лаҳзаеро инъикос намудааст, ки сипоҳиёни содиқ мунтазири амри фармондеҳ ҳастанд. Онҳо вазифадор шудаанд ҷазои ёғиёни саркашро, ки дар асл ёғӣ набуда, балки мардуми мазлуму гуруснаанд, бидиҳанд.

пешина
аз 500
навбатӣ