Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Оҳангҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар ашъори бархе шоирон бештар, дар ашъори бархи дигар камтар қобили таваҷҷўҳанд ва ин нукта бо арзишҳои маънавию фикрие иртибот дорад, ки ҳар адиб дар раванди ҷаҳоншиносии худ ба онҳо эътимод ҳосил намудааст.
Табиист, ки шоир наметавонад ба воқеоти замон бетараф бошад ва ҳамин бетараф набудан дар ҳамфикрӣ ба сиёсати замон ё муқобиландешӣ бар он ифода меёбад. Маъмулан муқобиландешон гирифтори таъқиб, вале тарғибгарон арҷманду шўҳратёранд, ҳарчанд шўҳрат ва маҳбубият ба ҳамдигар ҳамбастагӣ надоранд. Аммо дар мавриди шеъру шахсияти М. Турсунзода ин нукта бебаҳс аст, ки бо вуҷуди дар қатори тарғибгарони сиёсати замон ҷой доштанаш касе мисли ў миёни мардум маҳбубият надошт. Ҷозибаи ботинӣ, чеҳраи нуронии пуртабассум, самимияту сидқ, кўшиши дастгирии дигарон ин марди наҷибро на танҳо барои тоҷикон, балки ба тамоми мардуми ҷаҳон ошнову дўст гардонид.
Мавзўъ ва дарунмояи шеъри иҷтимоӣ вобаста ба тамоюлҳои сиёсии замон тағйир меёбад. Чунончи, агар аз ҳамин нуқтаи назар ба шеъри чанд насли асри ХХ мутаваҷҷеҳ шавем, чунин ба мушоҳида меояд, ки дар оғози сада тарғиби ғояҳои маорифпарварӣ ва дертар афкори инқилобӣ, аз он ҷумла мубориза ба муқобили босмачиён, сохтмони колхозу совхоз ва фабрикаву заводҳо, масъалаи баробарҳуқуқии ҷинсҳо, васфи шахсияти доҳии пролетарҳо аз мавзўоти мубрами рўз ба шумор меомадааст. Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ – мубориза бар зидди истилогарони немис ва қаҳрамониҳои мардуми шўравӣ дар меҳвари андешаҳои шоирон қарор мегирад. Дар давраи баъди ҷанг – ғояҳои ҳизби коммунистӣ, ситоиши сулҳу меҳнати озод, дўстии халқҳо эътибори бештар пайдо мекунад. Дар поёни қарн шикоят аз замон, инъикоси ҷанги хонумонсўзи бародаркушӣ аз мавзўъҳои меҳварии адабиёти тоҷик мешавад. Пўшида нест, ки дар давраҳои гузариш аз як вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ба вазъи дигар шоирон низ гоҳе ҷаҳонбинии хешро комилан дигар кардаанд. Чунончи, агар дар солҳои 70-80 садаи бист шоире дар васфи ҳизби коммунистиву ғояҳои он мадҳия гуфта бошад, дар солҳои 90 ў ба муқобили ин ҳизб мисраъҳо мавзун кардааст, ё худ агар меҳнати пахтачиндухтар то ин дам мавриди ситоиш бошад, дар шеъри охири сада он мавриди мазаммати шоирони пешсафи замон қарор гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё