Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Воқеан ҳам, агар дар шеъри имрўз маъниву лафзи Мавлавӣ комилан такрор ва тақлид мешуд, ҳоҷат ба гуфтани шеър намемонд. Дар раванди таърихии рушди адабиёт муҳим аст, ки ҳар насл ҳарфи худро гўяд ва дурри бебаҳои шеъри гузаштагонро дар дарёи ақлу ҷони худ бишўяд ва тобиши тоза ба он диҳад.
Хулоса, бардошт аз Мавлавӣ, ки тўли тақрибан 30 сол дар шеъри муосири тоҷикӣ ҷараён дорад, аз тақлиди лаҳну забон ва зарбу оҳанги Мавлавӣ шурўъ шуда, батадриҷ реша дар мағзи андешаҳои шоирон сабзонидааст.
Ҳоло имкон дорем, ки бардошти босамари як зумра шоирони имрўзи Тоҷикистонро аз шеъри Мавлоно ба мушоҳида гирем ва умед аст, ки дар мақолоти дигар ҳунари сухангустарӣ ва маънишикофии онон дар партави андешаву орои ин орифи дилогоҳ ба қалам биёяд.
Пайнавишт:
- Ҷалолиддини Румӣ. Маснавии маънавӣ.–Теҳрон, 1375.
- Фурўзонфар Бадеуззамон. Хулосаи Маснавӣ.–Теҳрон, бидуни соли нашр.
- Фарзона. Мўҳри гули мино.–Хуҷанд: Ношир, 2006.
- Гулрухсор. Девон.–Душанбе, 2004.
- Бозор Собир. Мижгони шаб.–Душанбе, 2000.
- Матлубаи Мирзоюнус. Ҳамзоди тўфон.–Душанбе: Адиб, 2007.
- Лоиқ Шералӣ. Куллиёт. Иборат аз 2 ҷилд.–Хуҷанд, 2001.
Соли 2009
ТАҲАВВУЛИ ШЕЪРИ СИЁСӢ
ДАР АШЪОРИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА
Дар адабиёти муосири тоҷикӣ шеъри иҷтимоӣ ба сифати яке аз шохаҳои нерўманди мавзўӣ ва услубӣ ҷараён дорад ва вуруди иҷтимову ғояҳои мафкуравии замон ба шеър дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода, хоса дар силсилаи ашъори «Қиссаи Ҳиндустон» ба ҳадди олии худ расида, барои ҳамнаслон ва пасовандони шоир намунаи олии шоирӣ буд.
Аз замони пайдоиш то имрўз шеър на танҳо ифодагари эҳсосҳои ошиқонаву орифона, балки як навъ воситаи муҳими муборизаҳои ғоявию мафкуравӣ ва сиёсӣ аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё