Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Эй шўълаи афсурда, парвози нават бояд В-эй ишқи фурўмурда, оғози нават бояд.
Дар он рўзгор, ки дар Тоҷикистон рўҳияи хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ боло гирифт, тоҷикон ҳамагонӣ рў ба Мавлоно оварданд ва ин ҳодисаи фараҳбахшро дар эҳёи миллати мо Фарзона низ дар шеъри «Аҷам бедор мегардад»
аз нақши афкори Мавлоно донист:
Дари ғафлатпаноҳон боз, лаби гунгон суханпардоз Халоиқ Мавлавихон шуд, Аҷам бедор мегардад.
Раҳонд аз аҷнабӣ худро, зи будӣ қолаби худро, Сари худро саробон шуд, Аҷам бедор мегардад.
Яке аз нишонаҳои сабки Мавлоно дар сатҳи забон истифодаи мукаррари калимот дар ҳудуди на танҳо мисраву байт, балки бандҳои шеърист ва тарсеъву саҷъҳои дохилӣ аз саноеи мусиқисози сабки ў мебошанд. Забони Мавлавӣ сохтаву тасаннўӣ нест, содаву латиф ва бидуни ороишоти махсус аст, ки ин шеваро ҳамаи он шоироне, ки то ин дам зикрашон рафт, писандидаанд.
Шеъри «Мавлавӣ»-и Фарзона сурати шеъри Мавлоноро комилан ба бар кардааст:
Аз ақли кул ҷўё шудам, то баҳри худ пайдо шудам, Аз ақли кул ҷузъе манам, ҷузъе туӣ, эй бехабар.
Марҳалаи нави мавлавишиносиву мавлавигароии Фарзона бо гурез аз тақлиди зоҳирбинона шурўъ шуд.
Мисраи шигифтангези «Шамс, биё, рақси фарангӣ кунем» собит мекунад, ки Мавлавӣ дигар дар мағзи андешаҳои шоир фурў рафта ва ҳоҷат ба суратгароиву такрори лаҳни ў нест. Як нафари орифро ба рақси аврупоӣ даъват кардан аз ин маънӣ сар задааст, ки Шамс (Мавлавӣ) миёни одамон, дину мазҳаб, забону фарҳанг, макону замон тафриқа намегузошт ва он орзуи аз дуӣ гузаштан ва ба якӣ, ваҳдат расидан барои ў волотарин матлаб буд. Дўст доштани тамоми инсонҳо ва тамоми офаридаҳои Халлоқро Фарзона дар зеҳни худ нишондааст.
Бинобар ин, дар марҳалаи нав афкору фалсафаи Мавлавӣ дар мағзи андешаҳо ва ҷавҳари шеъри ў ҷо гирифт ва дар шеърҳои нимоиву сафед асари андешаҳои Мавлоно ба мушоҳида омад.
Ҳамин фалсафаи дўст доштани тамоми мавҷудоти олам, обу хоку гул ва, гули сипос ҳадя бурдан ҳатто ба онҳое, ки туро бад мебинанду нафрат доранд, тухми муҳаббат коштан ба воситаи сухан дарунмоя ва ҷавҳари шеъри Фарзонаро борвар кард.

пешина
аз 500
навбатӣ