Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

мешавад, вале боз ҳам ишораву тазминҳое аз Мавлавӣ ба ҳузури ў дар шеър далолат медиҳанд, чунонки дар пораи зайл таркиби «об агар садпора гардад» ба кор рафтааст:
Об агар садпора гардад,
Боз ин марзи баландосори фарҳангу суханро Тир на,
Шамшер на,
Тазвир на,
«Маснавӣ»-ю «Шоҳнома»
Бо ҷаҳони фозилон пайванд хоҳад кард.
Мутолиаи шеъри Гулрухсор дар ростои таҳаввули шаклу маънӣ ба хулосае меорад, ки ин шоира аз тақлиди қолаб батадриҷ ба корбурди маънӣ майл кардааст.
Дар шеъри Фарзона ин равиш боз ҳам равшантар ба мушоҳида меояд. Аз шеъри нахустини Фарзона, ки аз «одампарастӣ» ҳарф мезад, бидуни он ки бо шеъри Мавлавӣ ошноӣ дошта бошад, ҳамон ҷавҳари мавлавиёна ба меҳвари андешаҳо баромад ва Лоиқ, ки он рўзгор аз пайи Мавлавӣ «инсонгарам, инсонгарам» гуфта буд, аз байни як даста шеърҳои навмашқонаи Фарзона ҳамон як байти:
Дини ман оташпарастӣ не,
Дини ман одампарастӣ бод – ро писандид ва «Девони Шамс»-ро, ки он вақт дар Тоҷикистон дастнорас буд, барои мутолиа дар ихтиёри ў гузошт.
Дар марҳалаи аввали шеър Фарзона ба лаҳни Мавлавӣ, шакли шеъри ў ва зарбу оҳанги гирдгардони орифона пайравӣ намудааст:
Эй шўру шарат мурда,
Нури басарат мурда,
Шамсу қамарат мурда,
Аз зулмати худ бигрез,
Бо шўълаи ман омез.
Ё ки:
Ҳам сўзи нават бояд, ҳам сози нават бояд,
Ҳам рўзи нават бояд, ҳам рози нават бояд.

пешина
аз 500
навбатӣ