Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Ҳолу ҳавои шеъри Мавлавӣ дар ашъоре мисли «Гоҳе ки ошиқ нестам», «Шеъри найи Мавлоно», «Шеъри нигоҳи Шамс», «Шарти адаб», «Тўфон», «Сиёҳу сафед» хеле маҳсус аст. Гулрухсор кўшиш кардааст, ки шеърҳои истиқболияи худро дар ҳамон вазну оҳанги матни асли Мавлоно гўяд, радифу қофияҳоро нигоҳ дорад ва ҳатто вожаҳои калидии Мавлоноро ба кор гирад.
Дармондаҳоро доварӣ,
Дилсардҳоро озарӣ.
Ҳам ин раҳӣ, ҳам он раҳӣ
«Ҳам ин сарӣ, ҳам он сарӣ».
Гулрухсор низ мисли Лоиқ тазминро чун воситаи ишора ба шеъри Мавлоно ба матни худ ворид кардааст. Такрори вожаҳо дар байту банд, фиқраҳои яксони гирдгардон, басомади калимоти вирди забони Мавлавӣ дар маҷмўъ ҳолу ҳавои ғазалиёти ин орифи шўридаҷонро ба зеҳн мерасонад:
Эй дил ба панди оқилон
Моил бишав, моил бишав.
Девонагӣ аз ҳад гузашт
Оқил бишав, оқил бишав.
Дар шеъри «Шеъри найи Мавлоно», аввалсухани шоир байтест аз Мавлоно:
Оташи ишқ аст, к-андар най фитод Ҷўшиши ишқ аст, к-андар май фитод.
Гулрухсор бо истифода аз ин «ишқ»-у «май» ва «най»-и Мавлоно, ки ҳар кадом рамзу розе дар таҳи худ доранд ва баёнгари фалсафаи ирфонии ин орифи бенамуна ҳастанд, мегўяд:
Дар найкада мавзун аст рақси майи Мавлоно, Дар майкада маҳзун аст сури майи Мавлоно.
Агар най тимсоли инсони комил бошад ва «найкада» – макони аҳли дил, «май» – бодаи маҷозӣ барои маст шудану аз худ растан ва ба Худо пайвастан аст ва иллати маҳзун будани сури майи Мавлоно низ ба он ваҷҳ аст, ки талабгоронаш имрўз зиёд нестанд, яъне, мардум аз Худо дур шудаанд.
Гулрухсор батадриҷ аз қолаби шеъри Мавлавӣ дур

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё