Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Ман як қалам туғёнгарам,
Исёнгарам, исёнгарам.
Бо ҷумла иллатҳои худ,
Инсонгарам, инсонгарам.
Лоиқ низ мисли Мавлоно сухан аз ишқ мегўяд, аммо шеъри Мавлоно афрўхта аз ишқи илоҳӣ буд, баръакси шеъри Лоиқ, ки бунёдаш бар ишқи заминӣ қарор дошт. Лоиқ тавонист дар шеъри мавлавишакли худ мазомини иҷтимоии замониро низ ҷо диҳад:
Гоҳе зи худ ғофил шудам,
Дарёи бесоҳил шудам.
Гаҳ дар диёри хештан
Мўҳтоҷи як манзил шудам.
Дар ғазали «Муборакбоди ишқ», ки ҳамчунин ба лаҳни Мавлоност, мисраи «Ошиқ шудаӣ, эй дил, савдот муборак бод» дар батни матни Лоиқ бехалал ҷо гирифтааст ва табиӣ ба тору пуди ин шеър ворид шуда, ки ҳатто овозхони мумтозе чун Аҳмади Зоҳир суруде мураккаб аз шеъри ҳар ду сохтааст.
Мавлавӣ гўяд:
Ошиқ шудаӣ, эй дил, савдот муборак бод, Аз ҷову макон растӣ, он ҷот муборак бод.
Истиқболи Лоиқ:
Паҳнои ҷаҳон гардӣ, пайдову ниҳон гардӣ, Гаҳ сабзасифат рақсӣ, гаҳ барги хазон гардӣ.
«Ошиқ шудаӣ, эй дил, савдот муборак бод!»
Таъсири андешаву афкор ва лаҳни Мавлавӣ ба шоирони ҳамнасли Лоиқ ончунон шигифтовар рух дода, ки бархе мисли Бозор Собир дар дарёи шеъри Мавлоно ғарқ шуда ва нохудогоҳ ба шеъри ў даъвои соҳибӣ кардаанд. Масалан, дар маҷмўаи «Мижгони шаб»-и ин шоири хуштабъ ҷо гирифтани рубоии Мавлавӣ («Боз шире бо шакар омехтанд»)-ро наметавон ба тариқи дигар шарҳ дод.
Шеъри Гулрухсор низ баҳравар аз шарбати шеъри Мавлавист. Дар китоби муаллифи ин сатрҳо «Ҳамзоди тўфон» аз силсилаи «Хубони форсигў» ва мақолаи пажўҳишгари тоҷик Ҷамолиддин Саидзода «Ҳузури Мавлоно дар шеъри Гулрухсор» (Адабиёт ва санъат, 16 августи соли 2007) намунаи зиёде аз истиқболи Гулрухсор оварда шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё