Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аммо барои шеъри Тоҷикистони садаи ХХ, ки ҷавҳари он аз ғояҳои ҳизбиву ватанхоҳӣ ва ситоиши меҳнату сохтори қудратӣ моя мегирифт, ҳолу ҳавои шеъри ирфонӣ бегона буд.
Мавлавӣ бо тамоми шўру шааф ва танаввўи оҳанг тақрибан аз солҳои 80-уми асри ХХ ба марзи шеъри тоҷикӣ ворид шуд ва батадриҷ онро ба тасарруфи худ даровард. Шеъри тоҷикӣ, ки якрангии мавзўот ва тарзи баёни шабеҳ ба ҳамдигари шоирон хастагии малоловаре дар вуҷуди он падид оварда буд, бо дамидани нафаси Мавлоно мисли дарахти ташна аз борони деринтизор батадриҷ шоху баргҳои тоза баровард.
Таъсири Мавлоноро ба шеъри тоҷикӣ дар ду замина метавон мушоҳида кард:

  1. ба шакли шеър ва зарбу оҳанги он – тақлид ба ҳолу ҳавои ғазалиёт.
  2. ба дарунмояи шеър – бардошт аз афкори фалсафиву ирфонӣ ва ҷаҳоншиносии Мавлавӣ.
    Дар марҳалаи аввал бардошти шоирон бештар аз зарбу оҳанг ва тарзи баён буд. Устод Лоиқ яке аз аввалин шоирони мавлавигарову навгаро буд, ки ба қавли худаш «тақлид ба Мавлоно» мекард. Ҳатто ҳамин тақлид ҳам барои шеъри тоҷик як чизи тозаву нав буд. Як вежагии хоси сабки Мавлавӣ дар тақсим шудани ҳар мисраъ ба ду ҷузъи мутавозӣ аст ва ин ниммисраъҳо дар маҷмўъ оҳанги пуршўри самоӣ эҷод мекунанд. Лоиқ дар шеъри худ ҷавҳари инсонгароии Мавлавиро бо ҳамин тарзи нигориш якҷоя ба кор бурдааст. Аз мутафарреоти баҳри раҷаз дар вазни мустафъилун/ мустафъилун бо ҷой додани ҳар ниммисраъ дар сатри алоҳида Лоиқ муваффақ шудааст, ки ҳолу ҳавои ғазалиёти Шамсро дар рўҳи шеъри тоҷикӣ басо табиӣ ворид кунад:
    То он даме, ки ман манам,
    Милён сарам, милён танам.
    Ман сад ҳазорон ҷону дил
    Дар ҷилди як пироҳанам…
пешина
аз 500
навбатӣ