Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Тиловати занбўр меҷабид шираҳои шугуфтаи завқамро...
Хулоса, сабки ҳиндӣ, ки дар садаи ХVII дар шеъри форсӣ роиҷ гардид, то асри ХІХ низ идома дошт ва пайравони он зиёд буданд. Вале дар садаи ХХ дар Тоҷикистон (ба истиснои Туғрал ва Зуфархон Ҷавҳарӣ) ин сабк аз миён рафт. Танҳо дар охири асри мозӣ дубора нишонаҳои он дар шеъри тоҷикӣ пайдо шуда, алҳол нишонаҳои ин сабк ба сифати хусусиятҳои асосии шеъри муосир ба назар меояд.
Пайнавишт:
- Алиасғари Шеърдўст. Чашмандози шеъри муосири тоҷик.–Душанбе, 1997.–С. 31.
- Аҳмади Хотамӣ. Пажўҳише дар сабки ҳиндӣ ва давраи бозгашти адабӣ.–Теҳрон, 1371.
- Ҳушанги Порсо. Паёми навин.–Теҳрон, 1339.
- Гулрухсор. Девон.–Душанбе, 2004.
- Доро Наҷот. Тулўъе дар ғуруб.–Душанбе, 1998.
- Озарахш. Аз чашмасор омадам.–Хуҷанд, 1997.
- Суруш. Фарёди силсилаи хомўшӣ.–Хуҷанд, 1997.
- Тоиров У., Солеҳов М. Андар сулуки шеър / Адабиёт ва санъат.– 2005.–28 июл.–№30.–С. 12.
- Фарзона. Мўҳри гули мино.–Хуҷанд, 2006.
- Шафеии Кадканӣ. Сувари хаёл дар шеъри форсӣ.–Теҳрон,
- Шамисо Сирус. Куллиёти сабкшиносӣ.–Теҳрон, 1378.
- Шамисо Сирус. Сабкшиносии шеър.–Теҳрон, 1380.
Соли 2009
МАВЛАВӢ ВА ШЕЪРИ ИМРЎЗИ ТОҶИКИСТОН
Сабки Мавлавӣ бо нигоҳи мутафовит ва беқиёси шоир ба мазоҳири ҳастиву афлок, бофти нотакрори калом, шўру ҷазабаи фавқулода ва оҳангҳои марғубу дилангез фарқ мекунад.
Мавлоно ба масобаи пуршўртарин ва ҷаззобтарин шахсияти фарҳангӣ ва ирфонии мо тавонистааст бидуни суханбозӣ ба иртифои суханварӣ расад ва кулли шоиронро шефтаи гуфтори худ намояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё