Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Имрўз аз нигоҳи шоир ҳунари ростин – «нағмаҳои довудӣ» дилеро ба тапиш намеорад, зеро мардум шефтаи ҳарзаву ҷунуни ҳоливудӣ ҳастанд ва дар ин маҳалли арҷгузорӣ ба ҳунар (ситораҳои Ҳоливуд) ҳунари ростин зери остин аст.
Шеъри Гулназар низ гоҳе гароиш ба сабки ҳиндӣ дорад:
Бо ту биншастану дарди дили ошуфта ниҳодан ҳунар аст, Эй ҳаёпираҳани ман зи куҷо ҳусни ту пардоз харид.
Вожаи «ҳаёпираҳан» бо ташхиси «пардоз харидани ҳусн» нишонаҳои сабки ҳиндист ва бояд гуфт, ки ташхис ва таҷнис аз саноеи хоси ин сабк аст. Дар шеъре Озарахш мегўяд:
Он парирўй, ки оини ҳар оина шикаст, Назар андохт ба оина, ки оина шикаст.
Аз хусусиятҳои муҳими мактаби Бедил ҳисомезӣ аст, ки дар шеъри муосир зиёд ба мушоҳида меояд:
Арғувони қомататро то саҳар, Дар шаби оғуши ман коридаанд.
Дар ин байти Гулназар Келдӣ ду чизи нопайвастании мутаноқиз, яке ранги арғувон ва дигаре феъли «коштан» ба ҳам пайвастаанд. Парадокс дар шеъри шоирони дигар низ зиёд аст.
Чунончи, Доро Наҷот ҳатто дар унвони шеър ҳам аз ин унсури маънипардозӣ истифода бурдааст. «Сўи бесў» чунин унвон дорад ин шеър, ки мисраъҳои зерин аз он интиқол мешаванд:
Онсўтар аз он сў мезистам дар идроки «дил ба ёру тан ба кор»
сабади соя мебофтаму тўри анкабутӣ, ки сайд кунам моҳии моҳро аз зулоли ҳайрати об.
Хўшачини Роҳи каҳкашон будам ва хирманкўби хирмани анҷум.
Онсўтар аз он сў фақрам ғано ва ғаноям эҳлойӣ буд аносиру маволидро ҳатто, мижгонам неши хор ва шабнами ашкам нўшвори гул.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё