Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Ба татаббўи Бедил муҳаққиқон У. Тоиров ва М. Солеҳов низ дар тақризи худ ишора намуда, ғазали зеринро, ки бо мисрае аз Абулмаонӣ шурўъ шудааст, ба сифати намуна овардаанд.
Fазали мазкур «Зишту паризод» ном дошта, истиқбол аз ғазали машҳури Бедил «Маро аз чашми шабнам офариданд» мебошад:
Маро чун бод озод офариданд,
Зи гарди домани ёд офариданд.
Зи хомўшии исёни ҳақирон
Маро як мушт фарёд офариданд.
Чунонки мебинем, бардошт аз Бедил барои Гулрухсор ҳаргиз маънии тақлид ва ё сирқати шоириро надорад. Таркибу ибораҳои бедилӣ дар ҷаҳони андешаҳои шоири муосир тобишҳои тоза пайдо карда, барои ифодаи ҳадафҳои имрўзин хидмат кардаанд. Усулҳои тасвирсозии Бедил бо гироиш ба таъқиду печидагӣ ва ҳисомезӣ бо содагароии шоирони давраи шўравӣ номувофиқ буданд. Ба истиснои шуарои суннатгарое чун Туғрали Аҳрорӣ ва Зуфархон Ҷавҳарӣ, ки аз паи Бедил рафтанд, аксари шоирон қаробати камтарине бо маънипардозии Бедил надоштанд. Бинобар ин, пайванди маънавии бонуе бо ҷаҳоншиносии имрўзин ва ошно бо фановарии муосир, ки ба сабки нав шеър мегўяд, ҳосили ғайричашмдоште ба бор овардааст. Чунонки ҷузъҳои либос ё ороиши қадима ҷозиба ва обу ранги тозае ба мўди имрўзӣ ворид мекунанд, Гулрухсор ҳамин навъ таҳаввулро дар шеър бо истифода аз вежагиҳои ҳунари Бедил анҷом додааст.
Моҳияти рўҳи замонро дар шеър Ҳушанги Порсо бо сароҳат тавсиф намудааст: «Нимо пас аз чанд садсолаҳо ба порсизабонон фаҳмонд, ки анҷуманнишиниву ба истиқболи гузаштагон рафтан ва бозгашти адабӣ аз татаббўъ ва осори қудамо ва амсоли ин гуна арўсакбозиҳо шеъру ҳунар нест ва шоир бояд фарзанде ба бор оварад, ки хуни замон дар рагҳояш биҷўшад ва суруди кору зиндагии рўзгорро бисарояд» («Паёми навин», 1339). Шоири тоҷик Рустами Ваҳҳобниё мегўяд:
Дар ин замони ҷунунҷилваи ҳоливудӣ Куҷо диле тапад аз нағмаҳои довудӣ.
Таркиби «замони ҷунунҷилва» аз таркибҳои пуркорбурди сабки ҳиндист ва вожаи «ҳоливудӣ», ки номи маҳал аст, нафаси имрўзро ба шеър ворид крадааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё