Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Оҳ гувоҳи лаҳза буд дар нафаси шитоб рафт.
Таронаи нафаси сабзам
Ояи офтобро монад.
Нафаси бенафасӣ, ҳаваси беқафасӣ, Ишқи сўзони маро медонад.
Ибораи «ҷилваи ранги сароб», ки аз таркибҳои маҳбуби Бедил аст, дар шеъри Гулрухсор низ зиёд истифода шудааст. Чунончи, пораҳои зерин бо вуҷуди он ки қолаби шеъри сафедро дорад, комилан дар пайравии шеъри Бедил тавлид шудааст:
Зиндагӣ омаду рафт,
Ҷилваи ранги сароб дар ҳубобе нашикасту нанамуд, Дуда аз оинаи машъала занге назудуд.
Зи ҳаюло шараре дар гили озар нанмуд, Рафта аз н-омада сирре насуруд.
Бар шитоби нафасам,
Ба умри беҳавову ҳавасам, Ки дар талоши шаҳоб маҳви ҷилваи сароб шуд.
«Ҷилваи ранги сароб» маънии зиндагӣ, умрро дорад. Дар ҳарду пора низ ҳасрати умри барҳадар рафта ба зеҳн мерасад.
Гулрухсор ҷилваҳои маънии шеъри Абулмаониро гоҳе ҷузъ-ҷузъ дар батни шеъри худ ҷо додааст. Чунончи, байти маъмули Бедил:
Як қадам роҳ аст, Бедил, аз ту то домони хок, Дар сари мижгон чу ашк истодаӣ, ҳушёр бош, – дар шеъри Гулрухсор ба гунаи зайл омадааст:
Ман ғунудам як нафас, як лаҳза, як ашки сари мижгон, Дўстони бевафову сустпаймонам, Марзи имони маро дар хоку хун оғушта рафтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё