Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Гузашта аз ин баъзе таркибҳо ва тасвирҳои Бедил низ нақше дар ашъори Гулрухсор доранд.
Масалан, «нафаси сўхта» дар шеъри Бедил маънии ирфонӣ дорад ва ҳолати ба мақоми забти нафас расидан ва аз алоқаҳои дунявӣ ба куллӣ озод шудан, ба қавли дигар, дар хеш мурдан ва дубора дар Ҳақ таваллуд шуданро ифода мекунад. Дар шеъри Гулрухсор ин навъ ибораҳои бедилӣ бештар заминаи воқеӣ ва ҷанбаҳои мушаххас пайдо карда, дар бозтоби рўзгори аслӣ, ҳаводиси таърихии замон ё ҳолати равонии қаҳрамони ғиноӣ хидмат мекунанд. Чунончи:
Ҳанўз нафасе ҳаст сахт сўзанда.
Нафасам товаи доғ аст.
Зи Шумо дур шудам, то шавам як нафаси сўхта наздик ба хеш.
Зи охирин шарораи нафас ҳамебояд Дар мазори ишқ гулхани худфурўзӣ афрўзам.
«Нафаси сўхта» дар ашъори Гулрухсор маънии расидан ба худ, худсозиву хидшиносиро дорад. Шоир аз «нафас» ибораи дигари бедилиро низ бо тобишҳои маъноии гуногун ба кор мегирад:
Шикаст шишаи нафас,
Як Ватан меҷангад бо зани аз қафаси бенафасӣ огоҳе.
Нафасам аз ҳаваси зиндагӣ хушбў нашавад.
К-оқибат аз раҳи танги нафасам
Бе ҳама бо ҳамаи худ бирасам.
Аз замини нафаси сўхтаат,
Ҳасрати сабзи туро мешунавам.
Манам, ки ҷои пои зиндагии фирориямро
Дар кафи пои бод дида механдам,
Бар шитоби нафасам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё