Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Маҳз ҳамин хусусиятро муҳаққиқон дар шеъри Бедил пай бурдаанд. Чунончи, устод Шафеии Кадканӣ вежагии ашъори Бедилро дар «гироиш ба маънои бегона ва овардани тасвирҳои ғариб барои дурӣ аз ибтизол» ва печидагии забони ўро дар «навъи таркибот ва бофтаҳои хосе, ки вай дар шеъри хеш истихдом карда», мебинад.
Чанд хусусияти ашъори Бедилро дар сабки Гулрухсор низ метавон мушоҳида кард:

  1. Истифодаи фаровони истиораву маҷоз, кинояву иҳом; 2) Истифодаи калимаҳои мураккаби серҷузъа аз қабили: дилсуроғ, сияҳрўй, хандакуш, ҳушандарсар, хандаёр, хасмёвар, заншикан ва ғайра; 3) Ба кор гирифтани ибораҳои изофии мураккаби серҷузъа ба монанди:
    тани хушкидаи беди сари гўри шаҳидон, хонаи холии соҳибхонаҳои дарбадар, оташи дардодаи фарзандҳои носазовор, нози оҷизонаи пойҳои раҳкўфтаи ман, фиғони лахчарези панҷаҳои шафақ, алвидои ашки шўшаи гўшаи бом, панҷаи шерафкани сайёди аҷал, боғи хазони дастпарварда, миллати кўҳнағами наваламам, дами боди тоқати таҳқир, рўди кабуди гиряи барфи ситеғи туст, марзи сармобурдаи ҷон, рози хуршедофари нури Худо, тирполои нигоҳи чашмҳои пурситеза, хонаи дарди ватандорони гумноми Ватан.
    Ин навъ ибораҳо, ки аз се, чор, панҷ ё шаш ҷузъ иборатанд ва дар ашъори Гулрухсор хеле зиёданд.
  2. Бардошт аз тасвирҳо ва вожаву таркибҳои калидии ашъори Бедил. Дар шеъри Гулрухсор калимаву таркиботи оина, дуда, ҳасрат, ҳавас, ҳайрат, роз, асрор, ҳисор, маҳбас, соя, шарор, машъала, дам, нафас, нигоҳ, оҳ ва ғайра, ки аз вожаҳои калидии сабки Бедиланд, фаровон ба кор рафтаанд.
пешина
аз 500
навбатӣ