Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Юсуф Алхол – шоири навгаро ва мунтақиди араб гуфта буд, ки «шоир бояд қавоиди забон ва усули шеваҳои баён ва мероси таърихи худро шиносад ва, илова бар ин, барои худ ба андозаи кофӣ озодӣ қоил шавад, то битавонад ин усул ва шеваҳоро ба фармони худ дароварад ва шахсияти худро дар он бидамад».
Маълум мешавад, ки асли матлаб – шахсияти шоир ва дунёи зеҳни ўст, зеро асолати ҳунар дар тасвир падид меояд, ки он ҳам зодаи эҳсосу отифаву таҷрибаи гўянда аст. Ин аст, ки муқаллидони Бедил агар муваффақ нашуданд, иллаташ дар шахси онҳост, ки натавонистаанд пой аз пайраҳаи дигарон фаротар бигузоранд ва аз қолаби фикру тахайюлоте, ки дигарон муқаррар кардаанд, озод бошанд.
Таъсири сабки ҳиндӣ ба шеъри имрўзи тоҷикӣ дар ашъори Гулназар, Гулрухсор, Фарзона, Озарахш, Доро Наҷот, Суруш, Адиба, Нуралӣ ва дигарон назаррас аст. Аммо ҷолиб он аст, ки ин шуаро шеваҳои тасвирпардозии сабки ҳиндиро дар коргоҳи зеҳни худ ва пайваст бо воқеияти рўзгори имрўз ба кор гирифтаанд. Табиист, ки аксари шоирон мехоҳанд «ман»-и худро дар шеър ва ҳунар ғайримукаррар намоиш диҳанд. Низомии Ганҷавӣ замоне гуфта буд, ки:
Орияти кас напазируфтаам,
Ҳарчи дилам гуфт, бигў, гуфтаам.
Миёни шоирони тоҷик як байти шоири рус Сергей Есенин, ки Лоиқ Шералӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст, хеле маъруфият дорад:
Лоақал мисоли ғук ҳам бошад, Суруде ба лаҳни худат хон.
Гулрухсор низ ба ҳамин маънӣ гуфтааст:
Шоири хуни худу набзи худу дарди худам, Ҳарчи мебинам, аз ин равзанаҳо мебинам.
Дар яке аз мусоҳибаҳояш Гулрухсор марҳалаи муосири шеъри тоҷикиро давраи гироиш ба шеъри Бедил номида буд.
«Пас аз хондани Бедил одам дигаргун мешавад... Садаи оянда садаи Бедил аст. Ба гунае, ки дар дунё ҳама бемори Бедил мешаванд. Бедил мисли санги алмос тобиш дорад, тобише, ки дар оянда бештар хоҳад шуд». Муҳаббат ва таваҷҷўҳи Гулрухсор ба шеъри Бедил пеш аз ҳама дар кўшиши дурӣ ҷустан аз умумигўӣ ва офаридани тасвирҳои ғарибу маъниҳои аҷиб аст.

пешина
аз 500
навбатӣ