Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

«Нуктаҳои сарбаста» ва «уқдаҳои мушкили рамзу киноёт», ки хоси сабки ҳиндист ва дархури завқи авом нест, хусусан дар давраи шўравӣ аз ашъори шоирон дур андохта шуданд. Дар ашъори Айниву Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймониву Ҳабиб Юсуфӣ, Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода, Қутбӣ Кирому Лоиқ Шералӣ ҳар кадом аз шуарои саршиноси назми шўравии тоҷик буданд ва дар ашъорашон дар заминаи сувари хаёл низ тозакориҳо ба назар мерасад.
Ба қавли доктор Алиасғари Шеърдўст, «шеъри форсӣ дар давраи машрутия зери таъсири шароити сиёсиву иҷтимоӣ шеъре тасвиргурез аст ва агар дар баъзе осор тасовире ҳам пайдо шавад, ҳамон тасвирҳои клишеии шеъри куҳан мебошад, ки он ҳам аз масири мактаби бозгашт дарёфт шудааст»
(Чашмандози шеъри муосири тоҷик.–Душанбе, 1997, с. 31).
Ин гуфтор барои шеъри шуарои тоҷик низ мувофиқ аст.
Шеъри тоҷикӣ, ки ғолибан маншаъ аз адабиёти рус ва реализми русӣ мегирифт, дар поёни садаи бист дубора ба асолати миллии худ рў овард ва дар ин росто яке аз омилҳои муассир ошноӣ бо шеъри муосири Эрон буд. Нимо Юшиҷ, Нодири Нодирпур, Аҳмади Шомлу, Шаҳриёр, Сўҳроби Сипеҳрӣ, Фурўғи Фаррухзод, Симини Беҳбаҳонӣ аз зумраи шуарои таъсиргузор ба шеъри имрўзи тоҷикӣ ҳастанд. Гузашта аз ин, шоирони тоҷик бардоштҳои пурсамаре аз осори қудамо – Рўдакиву Фирдавсӣ, Мавлавиву Хайём, Ҳофизу Саъдӣ ва Соибу Бедил доранд. Дар ин миён батадриҷ шеваи нигориши шоирони мактаби ҳиндӣ дар маърази таваҷҷўҳ қарор гирифт ва ашъори Бедили Деҳлавиву Соиби Табрезӣ, Калими Кошониву Шавкати Бухороӣ бо хаёлбофиҳои номукаррару ғайримунтазира ва мазмунсозиҳои ҳайратангези навовароне коромад шуд.
Таъсири сабки ҳиндӣ ба шеъри имрўзи тоҷикӣ бо ду роҳ сурат мегирад:
- Мустақим – бо роҳи шинохти вежагиҳои ҳунар ва шеваи маънигузинии шоирони мактаби ҳиндӣ.
- Fайримустаким – тавассути ашъори Сўҳроби Сипеҳрӣ ва пайравони шеъри ў.
Аммо ин нукта низ афзуданист, ки агар шоир орӣ аз зеҳни халлоқ ва истиқлол дар хаёлпардозиҳои борик бошад, корбурди орояҳои ҳунарии сабки ҳиндӣ суд надорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё