Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

4 Барои муттаҳид шудан дар атрофи партия, барои худтанқидкунӣ ва танқиди болшевикӣ // Барои адабиёти сотсиалистӣ.–1934.–№5-6(17-18).
5 Барои реализми сотсиалистӣ дар санъат ва адабиёти советӣ:
Маърўзаи мудири шўъбаи пропаганда ва ташвиқоти КМ ПК(б) Тоҷикистон раф. Мавлонбекуф дар маҷлиси умумии шаҳрии коркунони санъат ва адабиёти советӣ // Барои адабиёти сотсиалистӣ.–1934.–№5(41).
6 Бо ҳар гуна уклонҳои аз сиёсати миллии ленинӣ-сталинӣ бераҳмона мубориза бурда шавад // Барои адабиёти сотсиалистӣ.–1935.–№1-2.
7 Дар бораи нависандаҳо, банди роҳи оҳании Сталинобод ва Тирмиз (Қайдҳои мухбири мо дар бобати сафари рафиқ Бройдо) / Тоҷ. сурх.–1934.–4 март.–№49(1647).
8 Набавӣ А. Таърихи ташаккули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.–Душанбе: Адиб, 2004.
9 Раҷабӣ М. Таърихи танқид ва адабиётшиносӣ.–Душанбе, 1997.
10 Ходжибаева Б. Абдурахим Ходжибаев.–Худжанд, 2000.
Солҳои 2010, 2014

ТАЪСИРИ САБКИ ҲИНДӢ БА
ШЕЪРИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН
Асри ХХ барои шеъри тоҷик ғолибан марҳалаи мўҳтавогароӣ буд, на тасвиргароӣ. Маорифпарварӣ ва ҷадидия, инқилоби шўравӣ ва пайомадҳои он бо сенсури ё форсӣ ё русӣ шадиди низоми коммунистӣ ва ниҳоят, дар поёни сада ба даст омадани истиқлолияти Тоҷикистон муҳимтарин воқеоти ин аср буданд, ки ба адабиёт низ бетаъсир намонданд. Шуарои ин аҳд бештар майл ба баёни маонии урён ва беороя доштанд.
Дар ин замон як навъ шиорзадагӣ, хитобаҳои бепироя ба суннати адабӣ табдил ёфта буд. Аммо бо ин ҳама, шоирон – пайравони сабки ҳиндӣ мисли Нақибхон Туғрал, Сарир, Сират, Исо дар ҳамин давра зиндагӣ ва эҷод кардаанд.
Яке аз муваффақтарин муқаллидони Бедил Туғрали Аҳрорӣ бо такя ба аносири хаёлии Бедил мегўяд:
Хиҷолатмояам, вазъи парешонист бунёдам, Гулоби хиҷлат аз сунбул кашад тасвири Беҳзодам.
Нигоҳи ҳайратам аз нақши пои ў сабақ гирад, Магар акси рухи оина буд сармашқи устодам.

пешина
аз 500
навбатӣ