Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дарҳол аз раёсати анҷуман низ луқма расид, ки ин асарро «Айнӣ тартиб додааст ва Лоҳутӣ ҳам ба он сарсухан навиштааст. Ин маҷмўа тахминан ҳазор солро фаро мегирад» (3, 19).
Ба ин тариқ, боз қазияи сарзаниши «Намунаи адабиёти тоҷик», ки дар охири солҳои 20 маҳкум гардида, ба истифодаи он нуқтаи таммат гузошта буданд, аз нав ба сари забон омад. Г. Бройдо ба маҷмўаи Айнӣ барои дарбаргирии нукоти ба ҳукумати шўравӣ бегона эрод гирифт. А. Раҳимбоев дарак дод, ки «соли гузашта ин маҷмўаро аз тамоми китобхонаҳо ғундошта гирифтанд» (3, 19).
Аммо, устод Лоҳутӣ, ки суханаш вазн дошт, моҳиятан бо ҳадафи ҳимояи «Намунаи адабиёти тоҷик» риштаи суханро ба даст гирифт ва гуфт: «Дар конгресси VI Коминтерн раф. Бухарин ба сифати мисоли бад кор кардани Тоҷикистон ҳамин китобро нишон дод. Ба ў маълумоти нодуруст додаанд. Дар аввали китоб шеърҳои Рўдакӣ чоп шудааст; гуфтаанд, ки дар он ҷо амир таъриф карда мешавад ва ғ.
Мо дар Иттифоқи Шўроӣ асарҳои ин гуна нависандагонро, монанди Толстой, Пушкин, Тургенев ва дигарон чоп мекунем, ки инҳо ҳаргиз коммунист нестанд, вале дар Тоҷикистони мо чунон коммунистони садфоизӣ ҳастанд, ки ба меросҳои пурқимати адабии гузашта туф мекунанд» (3, 19).
Дар ин маврид ду нуктаи нозук қобили мулоҳиза аст.
Яке ин, ки андаке пеш ҷойгоҳи устод Айнӣ ба сифати ҳавохоҳи сиёсати нави раҳбарӣ дар муқобили сиёсати куҳан мушаххас гардид ва вай имкон надошт, ки самтгирӣ ва мавқеи худро дар нуқтаи муқобили Махсум ва Ҳоҷибоев қарор надиҳад.
Дигаре, имкон дошт, ки бо арзёбии «Намунаи адабиёти тоҷик» ба сифати маҳсули сиёсати раҳбарияти кўҳна ба мавқеи сиёсии устод Айнӣ ва Лоҳутӣ низ аз ҳамин чашмандоз баҳо дода шавад.
Аз ин лиҳоз, ба назари мо, самтгирии устод Лоҳутӣ – ин ҷасорати ў ҳам ба худаш ва ҳам барои устод Айнӣ судбахш буд, гўё онҳоро аз гирдоби муҳокимаи тезутунди ҳизбӣ наҷот дод, «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро аз танқиди сиёсатгарои ҳизб, ки гўё маҳсули сиёсати Махсум ва Ҳоҷибоев аст, раҳо кард.

пешина
аз 500
навбатӣ