Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

И. Бройдо таъкид шуда буд, ки баъди раҳбарияти нав худро хуб ҳис мекунад). Айнӣ ҳоло як романи калон бо номи «Fуломон» (25 листи чопӣ) ба забони ўзбакӣ навиштааст. Ман тарафдори он нестам, ки нависандагони мо ба забони ўзбакӣ ва дар дигар забонҳо асар нанависанд, зеро ки ин миллатчигии пўсида мебуд; баръакс, бигзор онҳо нависанд, ин бад нест. Мо на дар ин бора гап мезанем, мо дар бораи рафтори нодурусти роҳбарияти кўҳна нисбат ба нависандагони тоҷик…, ки мехостанд кор кунанд, ба забони тоҷикӣ нависанд, вале ба онҳо эътибор нанамудаанд, гап мезанем»… (3, 6).
Ин маъниро мунаққиди сиёсӣ Хидиров низ пайгирӣ кард:
«Раф. Бройдо ба раф. Айнӣ реплика дод, ки ҳатто ў ҳам хостааст (таҳти таъсири раҳбарияти кўҳна) ба забони тоҷикӣ асар навиштанро тарк кунад; ин тамоман дуруст аст, вале он вақт ўро, албатта, дар миллатчигӣ айбдор мекарданд. Ў ба ҳамин сабаб хостааст ба забони тоҷикӣ асар навиштанро тарк кунад, ки ба ў гўш намекарданд, ба асарҳои ў мароқ наменамуданд, шароит барпо намекарданд… умдан сиёсати роҳбарии кўҳна гунаҳкор ва айбдор аст, ки дар корҳои мо таъсир бахшидааст» (4, 19).
Ин нуктаҳо ихтилофи зиёд доранд. Дар ҳоле ки дар иттиҳомоти пештара Абдураҳим Ҳоҷибоев ба ҷурми сиёсати авантюристӣ оид ба таъсиси Тоҷикистони бузург, барои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ кардани шаҳрҳои таърихӣ
– Самарқанд, Бухоро, барои дар аппаратҳои раҳбарӣ ҷойгузин кардани кадрҳои тоҷик муҷрим гардид, акнун дар сатҳи мақомоти нависандагон аз душмании ў ба тоҷикият ва забони тоҷикӣ раъй медиҳанд.
Дар идомаи танқиди ин нукта сиёсати «нав» нуктаи дигар пеш ниҳод. А. Раҳимбоев маҷмўаи «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро дар таҳрири устод Айнӣ ба сифати «яке аз мисолҳои сиёсати саргумӣ»-и Махсум ва Ҳоҷибоев арзёбӣ кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё