Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Хусусан, барои тасвири образи мусбати
деҳқони миёнаҳол дар ҳикояи «Бузкашӣ»-и Азизӣ ва фарогирии ғояи «моликияти хусусӣ» ва «зиндагии кулакона» дар он,
мавҷудии оҳанги миллӣ ва миллатгароӣ дар осори Бектош,
тарғиби монокултураи пахта дар силсилаи осори адабӣ ва
матбуот, пайдо шудани тўҳмату бўҳтонномаҳо ба адибон дар
рўзномаҳои «Тоҷикистони сурх», «Коммунисти Тоҷикистон»,
«Қизил Тоҷикистон», эътирози кормандони идораи «Тоҷикистони сурх» ба қарори КМ ҲК(б)У «Дар бораи азнавсозии
ташкилотҳои адабӣ» аз 23 апрели соли 1932 ва «саботаж-коршиканӣ»-и онҳо, сарфи назар шудани нашри мақолаи устод
Лоҳутӣ дар бораи азнавсозии корҳои адабӣ дар Тоҷикистон
аз ҷониби ҳайъати таҳририяи «Тоҷикистони сурх» ва ғ. Абду-
раҳим Ҳоҷибоев ва Нусратуллоҳ Махсум муҷрим шуданд (3, 6).
Дар суханронии А. Раҳимбоев як нуктаи баҳсангез мухолифати Абдураҳим Ҳоҷибоев ва Нусратуллоҳ Махсум барои таълифи асарҳои адабӣ ба забони тоҷикӣ аст, ки бозгўи ин қазия тавзеҳталаб сурат гирифта ва ин нукта барои ба ҷараёни ошўби зидди онон кашидани аҳли зиёи тоҷик – нависандагон мусоидат кардааст (3, 6).
Масалан, А. Раҳимбоев изҳор кард, ки «раф. Маҷидӣ
– раиси оргкомитаи Ўзбакистон аз Саидуф ном як тоҷик…
дастнависи романеро ба забони ўзбакӣ мегирад, ки вай дар бораи Қосимуфчигӣ дар Ўзбакистон навишта шудааст. Саидуф дар сўҳбати худаш бо раф. Маҷидӣ гуфтааст, ки тоҷикон аз ў ба сифати як адабиётчии тоҷик истифода бурдан наме-
хоҳанд…»(3, 6).
Г. Бройдо, ки чанд маврид дар миёни гуфтори Раҳимбоев луқма-реплика ва ё суол мегузошт, таваҷҷўҳи аҳли толорро ба ин «факт» ҷалб кард: «Луқма: Айнӣ ҳам ба забони ўзбакӣ навиштанӣ шудааст» (3, 6). Дар ин зимн устод Айнӣ мағзу моҳияти луқмаи Г. Бройдоро тақвият дод: «Дар октябри соли гузашта ман ба роҳбарони кўҳна дар бораи навиштани асари нав муроҷиат кардам, вале ҷавобашро фақат дар (моҳи) апрели соли 1934 – баъд аз таъйин шудани роҳбарони нав гирифтам».
А. Раҳимбоев, ки дубора ба асли матлаб баргашт, ба таври густурда мавқеи Ҳоҷибоев ва Махсумро ба сифати душманони забони тоҷикӣ ва монеи майли тоҷикинависии адибон, аз ҷумла устод Айнӣ намоён кард: «Мана мебинед, Айнӣ бузургтарин нависандаи тоҷик аст, дар забони тоҷикӣ – «Дохунда», «Одина» ва ғ.– як қатор асарҳои калон дорад; ў кор кардан мехоҳад, дар забони тоҷикӣ навиштан мехоҳад, ў ҳамеша кор карданро мехост ва мехоҳад, вале раҳбарияти кўҳна ба ў диққат накарда, ўро аз худ дур намудааст (аммо дар мулоқоти Самарқанд бо Г.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё