Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Роҳбарони кўҳна барои дар корҳои худ роҳ надодани санъати нафисаи тоҷик «дар зери баҳонаи ба вуҷуд овардани «формаи интернасионалӣ» гунаҳкор гардиданд.
Анҷумани аввали нависандагони Тоҷикистон бо сарварӣ ва раҳнамоии Г. Бройдо ҷараён гирифт, дар он танқиди сиёсати адабии «раҳбарияти кўҳна» идома ёфт ва дар маърўзаҳои асосӣ ҷойгоҳи мушаххас пайдо кард. Нахуст, таҳлили қиёсии моҳияти сиёсати ду давра ба аҳли анҷуман имконият дод, ки ғалаба ва комёбии арсаи адабӣ дар 4 моҳи раҳбарии ҷадид ва саҳвҳои раҳбарияти кўҳна дар роҳи татбиқи «ғояҳои миллии ленинӣ» ошкор ва таъкид гардад. Раҳбарияти кўҳна сабабгори бадномии адибон муаррифӣ шуд ва дар таъсири он «ташкилоти нависандагони Тоҷикистон сахттарин зарбаро»
дар ҷони худ таҷриба кард.
Дар суханронии Лоҳутӣ яке аз нишонаҳои сиёсати тахрибкории адабии Абдураҳим Ҳоҷибоев ва Нусратуллоҳ Махсум паҳну парешон шудани адибон шумурда шуд, ки «ҳамчун мурғ маҷбур буданд… аз Тоҷикистон бираванд, зеро ба ояндаи худ боварӣ надоштанд». Оқибат як нависанда ба аксулинқилобӣ муҷрим гардид, дигаре аз Иттифоқи нависандагон хориҷ ва севумӣ аз ҳуқуқи гражданӣ маҳрум шуд… (2, 1).
Натиҷаи ин «сиёсат»-ро А. Раҳимбоев низ гўшзад кард, ки Fанӣ Абдулло, Сотим Улуғзода аз ҳайъати нависандагон берун шуданд, «Улуғзода дар яке аз қишлоқҳои вилояти Тошканд муаллим шуда кор кард» (2, 7).
То чӣ андоза ба қазияи танқиди Нуратуллоҳ Махсум ва Абдураҳим Ҳоҷибоев ҷалб шудани шахсиятҳои дорои ном ва эътибори баланд – амсоли устодон Лоҳутӣ, Айнӣ, профессор Аббос Алиев ва бо истифода аз раъйи онон паст задани шаъну эътибори мақомоти раҳбарии кўҳнаи тоҷик аз вазъи вазнини мафкураи замон дарак медод. Ин рўҳия аз доварии зерини устод Лоҳутӣ равшан дарк мешавад: «Мо бояд қувваҳои табиатро ба худ тобеъ кунем, офтобро маҷбур кунем то ба фоидаи сотсиализм хидмат кунад» (2, 3).
А. Раҳимбоев асли моҳияти сиёсати Ҳоҷибоев ва Махсумро дар арсаи адабиёти тоҷик – аз перомуни осори адабӣ берун мекашад.

пешина
аз 500
навбатӣ