Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агар мо ин хулосаи муҳаққиқро бипазирем, ба ин натиҷа мерасем, ки Г. И. Бройдо бо ҳама фаҳмиш ва тамизи нафосати шаҳрдорӣ, қобилияти шинохти рангу салиқаҳои хоси ҳунар ва архитектураи миллӣ, ки имрўз ба ў нисбат меёбад, аз рўи вазифа дар нуқтаи муқобили сиёсати Нусратуллоҳ Махсум ва Абдураҳим Ҳоҷибоев қарор гирифтааст.
Санади мулоқоти Г. Бройдо бо адибон аз як тараф, идомаи танқиди ҳизбии Абдураҳим Ҳоҷибоев ва Нусратуллоҳ Махсум дар равандҳои сиёсии солҳои 30-юми садаи бист, аз тарафи дигар, ибтидои сарзаниши онон дар арафаи анҷумани нахустини нависандагони Тоҷикистон ба шумор меравад, ки ишораҳои нозук ва вазнине дар роҳи дарки қазия дорад. Аз ҷумла, роқими санад (мухбир) барои нишон додани бартарии сиёсати роҳбарони нав аз рўҳияи устод Айнӣ ин гуна дарак медиҳад: «Айнӣ худро хуб ҳис мекунад ва барои тамом кардани румони «Fуломон»... дар забонҳои ўзбекӣ ва тоҷикӣ… бо камоли қувват кор мекунад» (7).
Хонандагон ин нуктаро сахт ба ёд гиранд, ки ин ҳангом «Айнӣ худро хуб ҳис» кардааст, зеро андаке поёнтар баръакси ин рўҳияи нависанда – яъне, нохуб ҳис кардани ў низ ба сиёсати Ҳоҷибоев ва Махсум гиреҳ хоҳад хўрд. Пас аз ду моҳ – 10-
18 майи соли 1934 дар анҷумани аввали нависандагони тоҷик моҳияти «эҳсоси хуб»-и устод Айнӣ равшан шуд; маълум гардид, ки сиёсати раҳбарии кўҳна монеи ба забони тоҷикӣ эҷод шудани румони «Ғуломон» буда, танҳо раҳбарии нав шароити таълифи онро ба ин забон фароҳам оварданд.
Дар асл ин санад дар қиёс бо маводи давраи аввали маҳкумияти роҳбарони тоҷик ихтилофи мантиқӣ – носозгорӣ ва ноҳамгунӣ дорад; дар куллияи маводи Ҳоҷибоев ва Махсум бархе матлаб бо матолиби дигар ҳамоҳангӣ надоранд. Масалан, дар асноди қаблӣ маҳкумшудагон агар ба беэътиноӣ ба интернасионализм айбдор шудаанд, дар ин мулоқот аз «беэътиноии великодержавӣ ба маданияти шаклан миллӣ» сухан рафта, ҳукумати куҳан ба бесалиқагӣ, «наққошии беранг» муттаҳам гардидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё