Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

ва ҷолиби сиёсиву иҷтимоӣ шинохта шуд.
Табиист, ки рўҳияи Анҷумани аввали нависандагони Тоҷикистон ба рўҳияи ин ҳодисаи сиёсӣ омезиш ёфт. Бисёре аз масоили адабиёт дар партави интиқоди сиёсати раҳбарияти Тоҷикистон «арзиш» пайдо кард ва ҳадди бештари заъфу нуқсонҳои адабӣ ба нодурустии сиёсати раҳбарӣ марбут гардид. Фикр мекунем, дарки дурусту ҳамаҷонибаи мавод ва хулосаҳои назарии анҷуман хоҳ-нохоҳ таҳлилу баррасии густурдаи маводи қаблии интиқоди раҳбарияти ҷумҳуриро тақозо мекунад.
Мавзўи танқиди сиёсати «раҳбарияти кўҳна» дар доираҳои адабии Тоҷикистон бо ошўб ва муқовимати сиёсӣ ҳамоҳанг гардид. Адабиётшиноси тоҷик, шодравон Маъруфи Раҷабӣ дар заминаи мутолиаи манобеи матбуоти нимаи аввали солҳои 30 садаи бист мўҳтаво ва моҳияти баҳсу мунозироти расмии адабиро оид ба «танқиди ноҳақ»-и Махсум ва Ҳоҷибоев ошкор карданӣ шудааст (9, 44-47, 57-58). Адабиётшинос Абдухолиқ Набавӣ низ ба бархе паҳлўҳои қазия таваҷҷўҳ кардааст (8).
Дар ин маврид пеш аз ҳама санади мулоқоти роҳбари вақти Тоҷикистон Г. Бройдо бо устод Айнӣ ва адибони дигар дар Самарқанд, ки дар рўзномаи «Тоҷикистони сурх» нашр шудааст, маводи ҷолиби таваҷҷўҳе медиҳад. Дар асл ин санад
– қайдҳои мулоқот дидгоҳи сарвари нави кишварро аз равзанаи арзишҳои миллӣ намоён мекунад (7).
Ба арзи аҳли мутолиа мерасад, ки ҳамин матолиб ба сафед кардани ному хидмати Г. Бройдо дар солҳои 30-юми садаи бист боис гардид. А. Набавӣ дар асоси мутолиаи ин маъхаз ва санадҳои дигари расмии солҳои 30-юми садаи бист бештар бар он талош ба харҷ додааст, ки номи Г. Бройдоро ба сифати «ҳимоятгари адабиёту фарҳанг ва дўсти миллати тоҷик» муаррифӣ ва дифоъ кунад. Дар мавриди Г. Бройдо чунин хулоса мешавад: «Зоҳиран, Бройдоро лозим меомад, ки камбудҳои ба истилоҳи он замон «раҳбарони гузашта»-ро ислоҳ кунад: Ў бояд бештар ба тарбияи интерносиюнолистӣ, маҳдуд кардани ҷанбаи миллӣ дар афкори ҳайъати раёсати ҷумҳурӣ ва ҳаёти ҷомеа, шиддат додани мубориза бо боқимондаҳои табақаҳои доро, масалан, кулакҳо диққат медод. Аммо ў дар муддати як соли фаъолияташ дар вазифаи котиби якуми КМ Ҳизби (коммунисти) Тоҷикистон аз худ озодӣ ва истиқлол нишон дод ва баръакс, бо масъалаи саҷияи миллии зиндагӣ дар Тоҷикистон, ба вежа дар фарҳанг ва адабиёти он мутаваҷҷеҳ гардид» (8).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё