Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

- Гулназар. Офтоби ман ба ройгон намесўзад. Шеърҳо // Фарҳанг, 1993, №4.
- Сиёвуш. Шеърҳо // Фарҳанг, 1992, №9-10, с. 18.
12 Нуралии Нурзод. Меъроҷе то хуршеди висол.–Душанбе, 2003; Алиризои Қазва. Бо сардўшие аз лонаи гунҷишкҳо.–Дар китоби фавқуззикри Нуралии Нурзод; Гулназар. Равандҳои тоза дар шеъри муосири тоҷик / Адабиёт ва санъат, 20 декабри соли 2002. - Алиризои Қазва. Хуршедҳои гумшуда. Муқаддима. –Теҳрон, 1380; Ҳақназар Ғоиб. Андешаҳо… / Адабиёт ва санъат, 20 декабри соли 2002, №51.
- Доро Наҷот. Тулўъе дар ғуруб.–Душанбе, 1998, с. 16.
- Фарзона. Қатрае аз Мўлиён. Куллиёт. Ҷилди 3.–Хуҷанд, 2003, с. 30.
- Суруш. Фарёди силсилаи хомўшӣ.–Хуҷанд, 1997, с. 73.
- Озарахш. Аз чашмасор омадам.–Хуҷанд, 1997, с. 14.
- Адиба. Гиряи ишқ.–Хуҷанд, 1999, с. 30.
- Алиасғари Шеърдўст. Чашмандози шеъри имрўзи тоҷик.– Душанбе: Адиб, 1997, с. 187.
- Ҳамон асар, с. 185-187.
- Абдулҳусайни Зарринкўб. Шеъри бедурўғ, шеъри бениқоб.– Теҳрон, 1337, с. 245.
Соли 2003
АНҶУМАНИ АВВАЛИ АДИБОНИ ТОҶИКИСТОН
3
ВА БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ СИЁСАТИ АДАБӢ
Анҷумани аввали нависандагони Тоҷикистон рўзҳои 10-
18 майи соли 1934 дар шаҳри Сталинобод баргузор гардид (8).
Баргузории он ба даврае рост омад, ки сиёсати шўравӣ аз номаи аъмоли раҳбарияти вақти кишвар Нусратуллоҳ Махсум, Абдураҳим Ҳоҷибоев ва пайравони онон нишонаҳои душманӣ ва нуқсу заъфи умдаи идеологӣ ҷустуҷў карда, қомати ононро ҳамчун унсури зиддихалқӣ ва зиддидавлатӣ шикастанӣ шуданд. Танқиди ҳизбии раҳбарияти Тоҷикистон аз охири соли 1933 шурўъ гардид ва соли 1934 ба авҷи аълояш расид. Дар бархе аз асноди солҳои 1935-1936 низ муҳимтарин нукоти ин баҳс ба назар мерасад. Интиқоди раҳбарияти Тоҷикистон дар доираҳои расмии ҷумҳурӣ ва марказ ҳамчун рўйдоди муҳим
3
Ин мақола дар ҳамкорӣ бо Субҳони Аъзамзод таълиф шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё