Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба андешаи ин муҳаққиқ, нуқсони асосии шеъри нави тоҷикӣ дар мавориди зерин падид омадааст:

  1. забон, нигаҳ ва фазо ҳанўз кўҳна аст; 2) дар сохтмони шеър ҳар ҷо, ки фурсату имкон бошад, ҷой додани қолабҳои маснавиву чаҳорпора; 3) ба тарзи пилаконӣ зина - зина бидуни иқтизои мазмуну мўҳтаво, ҷараёни табиии забон ва ҳаракати тасвирҳо ашъори суннатиро ба шакли нав даровардан.
    Баррасии иҷмолии ашъори навгароёнаи шуарои тоҷик ба натиҷае меорад, ки дар адабиёти мо низ «асри шеъри нав ва сабки нав» (таъбири устод Зарринкўб) шурўъ шудааст.
    Агар қаблан асоси шинохти шеър аносири арўзу қофия ва бадеъ буд, феълан танҳо ҷавҳари шеърӣ имтиёз дорад. Ба қавли доктор Зарринкўб, барои офаридани шеъри бедурўғ ва бениқоб шоир бояд озод бошад: «То шоир дар интихоби қолаб озод набошад, шеъраш на воқеӣ аст, на ибтикорӣ. Бояд ба ў ҳақ дод, ки дар офаринишҳои шоирона ба куллӣ озод бошад.
    Қолаби куҳанро, агар дилаш намехоҳад, онро канор бигузорад ва ё бишканад».
    Инак, марҳалаи наве шурўъ шудааст, ки тамоми ҷараёнҳо ҳуқуқи зистан доранд ва маҳаки арҷгузарӣ танҳо ҳунар аст.

Пайнавишт:

  1. Гулназар Келдӣ. Равандҳои тоза дар шеъри муосири тоҷик / Адабиёт ва санъат, 20 декабри соли 2002.
  2. Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ. Шеъри мансур.–Дар китоби «Мусиқии шеър», чопи чаҳорум, 1373, с. 237-277.
  3. Сируси Шамисо. Сабкшиносии шеър.–Теҳрон, 1380, с. 346.
  4. Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ. Ҳамон асар, с. 240.
  5. Доро Наҷот: «Шеърнависӣ илм дорад, вале шеър илм нест» / Чархи гардун, №51, 19 декабри соли 2003, с. 6.
  6. Лоиқ. Хонаи дил.–Душанбе, 1986, с. 18.
  7. Мову ту дар шоирӣ ҷон медиҳем // Садои Шарқ, 2001, №1-6, с.
  8. Абдураҳмони Абдуманнон. «Шеър ҷаҳони шоир аст» / Адабиёт ва санъат, 20 декабри соли 2002.
  9. Доро Наҷот. Нимо ва намои шеъри нав.–Нуралии Нурзод. Меъроҷе то хуршеди висол.–Душанбе, 2003, с. 81-82.
пешина
аз 500
навбатӣ