Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Шоир дар қиёс бо тангаҳои оддии пул донаи ашки худро тарҷеҳ медиҳад ва онро «гавҳар» меномад, зеро агар барои дигарон найнавоз гадое муқаррарӣ бошад, барои шоир – ў ҳамдилу ҳамрозест, ки сазовор аст охирин сарвати ў – гавҳари ашкро ба ҳадя бигирад.
Шеър мамлу аз оҳанги ғамангези най аст, ки дар лобалои он ҷорӣ мешавад ва рўҳи замони моро тавассути сухан бозмеофарад.
Шоирони тоҷик таи 15-20 соли охир дар тасвиргарӣ хеле пеш рафтаанд.
Масалан, Суруш мегўяд:
Гуле, ки ошиқи об аст ва дар зулоли биҳиштии ҳавзи хотираҳо чу субҳ мешукуфад дар тулўи сабзи хаёл – гули намоз аст ва ибтидои намозаш ба номи туст.
Аз Озарахш:
Ба мўсафеди зимистон, ки шом сурфакунон аз канори рўд гузашт, Бигў, ки боз биёяд.
Адиба:
Дар хонаҳои сард
Танҳоӣ дард мекашад аз бекасии худ, В-андар сукути тира садо гиря мекунад Чизе намонд баҳри парастидани дилам.
Чунин ба мулоҳиза меояд, ки шуарои муосир чи дар Эрон ва чи дар Тоҷикистон ҳарчи бештар ба маонии он сўи вожа менигаранд, кўшиш доранд, ки калимот аз маънои луғавии худ берун оянд ва огоҳона шикастани норми забон боиси тавлиди шеъри ростин гардад. Ба вожа зиёд андешидан ҳатто дар унвони асарҳо мушоҳида мешавад:
«Вожаро бояд шуст» (Сўҳроби Сипеҳрӣ), «Бархезу вожае пайдо кун» (Сайид Алӣ Мусавии Гарморудӣ), «Лабханди вожаҳо» (шоираи ҷавони тоҷик Мухлиса).
Алиасғари Шеърдўст дар «Чашмандози шеъри имрўзи тоҷик» гуфта буд, ки «ба ҳар рўй шеъри нави Тоҷикистон – чи нимоӣ ва чи сафед – ҳанўз ба истеҳкому анҷоми шоиста нарасидааст».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё