Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин шеър пур аз маъниҳои асливу маҷозист, ки дар маҷмўъ рўзгори имрўзини моро чун тимсоли бозори бузурге ба ҷилва меорад. Аз назари сохтор он аз се банд иборат буда, ҳар кадом банд бо мисраи «Роҳи бозор куҷост?» оғоз мешавад. Дар банди аввал шоир роҳи бозорро ба хотири он мепурсад, ки мехоҳад чизе харидорӣ кунад. Аммо маълум мешавад, ки ў харидори оддӣ нест, зеро мехоҳад меҳрубонӣ аз чашме ва пироҳане аз ҳарири шодӣ барои рўҳаш бихарад. Ў на барои ҷисм, балки барои рўҳ коло меҷўяд ва зимнан медонад, ки моли ниёзи ўро тоҷири оддӣ надорад, балки тоҷире ҳаст, ки ранги шодиро танҳо аз шаҳри ормонии шоир метавонад биёрад.
Аммо шаҳри таманноҳо ва шаҳри воқеии шоир комилан мутафовитанд. Дар шаҳри воқеӣ мардум озурдаву бенаво буда, ҳама чеҳраҳои туршу ҳарфҳои тунд доранд. Ва ин бандро шоир бо мисраи кўтоҳи «Қанди Табрез дилам мехоҳад» ба поён мерасонад. Ин мисраъ низ духўра аст. Як маънии зоҳириаш – ишора ба хушмаза будани қанди Табрез аст, ки шоир таъми онро борҳо чашида ва инак пазмон шудааст. Маънии дигар ин ки шоир зимни ёдоварӣ аз Табрез, ки замоне Камоли Хуҷандиро дар оғўши худ ҷо дод ва накҳати ғазалҳои ў ҳанўз фазои ин шаҳрро муаттар медорад, мехоҳад шаҳри қудсии ормониро тасаввур бикунад.
Дар банди дувум шоир дар бозор найнавозеро меҷўяд.
Чаро найнавозро? Най асбоби қудсии мусиқӣ ба шумор меомад ва тавассути он ҷону дил ба шўр омадаву оромиш меёфт ва садои най дардҳои нуҳуфтаро хурўҷ медиҳад. Найнавоз низ мисли шоир дардошност, зеро дарди ҷомеаро бо навои ҳузнангези най менолад. Найнавози Фарзона мехоҳад барои гўшҳои ҳақоратношунида, яъне, инсонҳои озоду озода садои нурро, ки ба сиёҳӣ ёсин мехонад, бишнавонад. Ў мехоҳад чашмҳое, ки ранги қабоҳатро надидаанд, ба ҷамоли ҳақ бингаранд. Аммо зимнан ҳам шоир ва ҳам найнавоз медонанд, ки ин навъ чашмҳову гўшҳоро дар миёни мардуми бозорӣ (бозор
–дар маҷмўъ намое аз ҷаҳони имрўзин) наметавон пайдо кард.
Банди охир, ки боз ҳам бо суоли «Роҳи бозор куҷост?»
шурўъ мешавад, ҳасрату дарди нотамоми шоирро бо тамоми шаҳомат ифода мекунад. Ин бор шоир мехоҳад он найнавози ҳамдилу ҳамдардро пайдо кунад ва ба кулоҳи бози ў, ки пур аз тангаи зард аст, гавҳари ашк бимонад.

пешина
аз 500
навбатӣ