Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Чунончи, ибораи «даст шустан» дар ин шеър ба ду маънӣ ба кор рафта, ки яке раҳо шудан аз ҳавасҳои заминӣ ва дигар маънии воқеии «даст пеш аз таом шустан»-ро дорад. Аммо ин дасти шустаро шоир на ба ангури воқеӣ, балки ба хўшаи ангури кавокиб мебарад. Аз нигоҳи ў «хони Ҳақ» дар осмон густурда шудааст ва рўи ин хон кавкабҳову маҳтобу абру шафақу сафеда таъме дорад аз асолату ҳақиқат ва рисолати инсон дарёфтани ин ҳама неъмати улвист. Ҳосили андешаи шоир бо он инсиҷом мепазирад, ки нахуст худро пайдо кунад ва баъдан ба дигарон низ дар пиёдараҳи Ҳақ тиккае аз куличаи маҳтоб манзур намояд. Ҳамин тариқ, пушти ин мисраъҳои шеър нафаре худҷўву худогоҳ бо ормонҳои осмонӣ ва ҳадафу рисолати равшангарӣ, бо вуҷуди мутаҳҳар аз ғаразҳои дунявӣ сурат падид меорад ва ин нафар шоиста аст, ки бо эҳтироми хонандагон сазовор бошад.
Тозагии тафаккур, маъниҳои нав бахшидан ба вожаҳои куҳан, иҷтимоъро дар батни шеъри ғиноӣ ҷо додан хоси сабки Фарзона аст.
Шеъри «Найнавоз» намунаест аз шеърҳои сапеди шоира:
Роҳи бозор куҷост?
Ман басе мехоҳам аз чашме меҳрубонӣ бихарам.
Ман басе мехоҳам пироҳане дошта бошад рўҳам аз ҳарири шодӣ, Тоҷире ҳаст, ки аз шаҳри таманноҳоям меорад ранги мунири шодӣ.
Лек, ҳайҳот, дар ин бозор, бозори Хуҷанд Чеҳраҳо туршу суханҳо тунданд, Қанди Табрез дилам мехоҳад.
Роҳи бозор куҷост?
Найнавозест дар он ҷо, ки ба ман мегўяд:
Гўши нашнида ба ҷуз ранги қабоҳат бикушо:
Ба ҷамоли Ҳақ бин.
Роҳи бозор куҷост?
Найнавозест дар он ҷо, ки диламро ба садо мехонад, Ба кулоҳаш, ки пур аз тангаи зард аст, Гавҳари ашк бимонам, биравам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё