Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Барои шинохти мақоми ҳунарӣ ва арҷи маънавии шоир мешавад ба як шеъри ў руҷўъ намоем:
Пиёда
Шабе дар пиёдараҳи насим накҳати гумномии худ будам, ки ба машоми Ҳақ расам.
Ва хешро зи гумии хеш, бе шамими ҳавасҳои дунявӣ ёбам.
Ва гушна ба гушнагиву ташна ба ташнагӣ, дасти шустаамро зи олами имкон ба хони дўст барам, Ки хўшаҳои ангури кавокибаш мазаи асали асл мекунад Ва фаллаи абр дораду гулоби шафақ Ва шакароби сапедаву куличаи маҳтоб, Ки тиккае аз он ба шумо хоҳам монд, ай мусофирони оянда, дар пиёдарави Ҳақ.
Дар ин шеъри кўчак матлаби растан ва ба олами улвӣ пайвастан ифода ёфтааст. Манзури шоир даст ёфтан ба мазоҳири дунёи маънавӣ, расидан ба Ҳақ, чашидан аз таъми ғизои осмонӣ ва даъват ба мусофирони дигар аст, ки дар ин ҷода роҳ мепўянд. Дар банди аввал шоир сухан аз шаб ва пиёдараҳе оғоз мекунад, ки дар он солик мехоҳад накҳати гумномии худро ба машоми Ҳақ бирасонад. Шаб, пиёдараҳ ва гумномӣ таносуби мантиқии хубе созмон додаанд. Таркибҳои «накҳати гумномӣ», «хешро аз гумии хеш ёфтан», «растан аз ҳавасҳои дунявӣ», «даст шустан аз олами имкон», «дасти шустаро ба хони дўст бурдан», «чашидан аз ангури кавкабҳо», ки мазаи асали асл, фаллаи абр, гулоби шафақ, шакароби сапеда, куличаи маҳтобро дорад, «порае аз ин нур ба мусофирони оянда мондан» мубайини фалсафаи худҷўӣ ва Худоҷўии шоир низоми афкори инсонӣ ва ирфонии ўро рўнамо месозад. Дасти қавии шоир дар тасвирсозӣ ва суханпардозӣ низ эҳсос мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё