Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Ба пиндори мо, манзури шоир ҳушдор додан ба гузаро будани умр ва ногузир будани марг аст, ин шеър пур аз васвасаи рўҳи ношикеб аст, ки дар умқи шаби андўҳзо вуҷуди як нафари ҳассосро дар лаҳзаи заъф фаро гирифтааст:
Ман ба дил он гоҳ гуфтам
Эй дил, эй дил, ҳеҷ донӣ будани мо чист?
Ҳар нигаҳ як чоҳи ҳасрат,
Ҳар сухан як роҳи ғурбат,
Ҳар нафас як турктозе
Ҳар қадам як гўри бозе.
Метавон якрўву ғамгин зист
Метавон берўву бепарво
Метавон бо хеш маҳфил дошт,
Метавон бо халқ буд танҳо…
Оре, оре метавон, аммо шабе хомўш Кўлборе ғуссаҳо бар дўш аз ин мулк ҳиҷрат кард.
Аз нигоҳи сохтмон низ ин банд хеле ҷолиб аст. Шоир дар оғоз суоле роҷеъ ба мафҳуми «будан» мегузорад ва дар посух пайи ҳам фоҷиаи «будан»-ро шарҳ медиҳад: дар чаҳор мисраи аввали баъди савол вожаҳои «нигаҳ», «сухан», «нафас» ва «қадам» дар ҳамбастагӣ бо вожаи «ҳар» ба шеър зарбу оҳанги махсусе бахшидаанд.
Шоир ин мисраъҳоро дар шакли маснавӣ қофия бастааст. Чаҳор мисраи дигар бо вожаи «метавон» оғоз шуда, дар онҳо қофияҳои дохилӣ ва ҳамовоии калимот ба мушоҳида мерасад: «якрў», «берў», «бо хеш», «бо халқ», аммо ин мисраъҳо аз қофияҳои маъмулӣ орӣ ҳастанд. Дар байти охир калимоти «хомўш» ва «бар дўш» қофияи дохилӣ сохтаанд ва дар мисраи охирин чаҳор рукни «фоилотун» ва як зиҳофи «фоъ» оҳанги ғамангези шеърро хулоса мекунанд.
Сабки Доро Наҷот бо печидагии маънӣ, тахайюли дурпарвоз, ҳисомезӣ ва хушоҳангӣ мутамойиз аст. Ба андешаи бархе муҳаққиқон, Доро Наҷот қудрати шуарои тоҷикро дар гуфтани ин навъ шеър равшантар нишон додааст. Бархи дигар ўро ба муғлақбаёнӣ ва насрзадагии шеъраш айбдор намудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё