Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Деҳаҳо дидаам ятиммонда,
Бечароғу оташу одам,
Ҳар ҷавони рафта ҷавонии ман аст, Ҳар манзили валангори чашм ба роҳ Ин муҳаббати ман аст.
Манзури шоир инъикоси рўзгори пурфоҷиаи тоҷикон дар замонест, ки ин шеър ба қалам омадааст. Деҳаҳои холӣ бечароғу беоташ, ҷавонони шаҳид, манзилҳои валангор – намое аз рўзгори ҷанги шаҳрвандӣ аст. Агар дар се банди аввал муҳаббат рамақи ҷоне дар тани нимбисмил буд, дар банди охир тасвири деҳаҳои матруку ҷавонони мақтул ҳокӣ аз дили пурандўҳи шоирест, ки маскани муҳаббаташ ҳамин марзи фоҷиабор буд, яъне, дар баробари деҳаҳову ҷавонон дили ўро
– муҳаббатгоҳи ўро низ куштаанд.
Набзи фосилаву замон дар шеърҳои Сиёвуш низ маҳсус аст. Масалан, дар шеъри «Андўҳи шаб» ҳунари шоири ҷавон дар дарки имконоти вожаҳо, сохтмони қавии шеър, такрорҳо ва истҳо, ки дар таъмини мусиқии шеър хидмат кардаанд, бармало падид омадааст:
Метавон нодида ангошт ин ки халқе дар азоб аст, Метавон нодида ангошт.
Ин ки як мулке зи зулми хешу бегона хароб аст.
Метавон сар зери пар оварду худро дар паноҳ ангошт.
Метавон дар як шаби тира ба ғўле дар ниқоби гулпарӣ вохўрд.
Даст бар дасташ ниҳоду ёри раҳ пиндошт!
Ин банд чакидае аз андешаҳои ғамангези шабонгоҳии қаҳрамони ғиноист, ки ҳазорон сару савдое дар сар дорад.
Такрори мисраи «метавон нодида ангошт», вожаи «ангошт»
ва пай дар пай омадани вожаи «метавон» имкон додааст, ки дар ҳар мисраъ як ҳолату кайфияте, ки барангезандаи ақлу шуур аст, тасвир ёбад: дар азоб будани халқ, аз зулми хешу бегона хароб гаштани мулк, ин ҳама фоҷиаро нодида гирифтану дар кунҷе паноҳ ёфтан, ғўлро дар сурати гулпарӣ ёри раҳ пиндоштан – ҳама мубайини рўзгорест пуропур аз макру фиребу зулму адоват, ки ба дилу рўҳ тазъиқ меоранд. Дар лобалои шеър 16 маротиба вожаи «метавон» бо тасвири ҳолатҳои мухталифи инсонӣ ва имконоти амали ў дар ин ҳолат такрор ёфтааст, аммо шеър комил намебуд, агар чунин якмаром идома мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё