Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Ин шева дар ҳар сатр, ҳар байт, ҳар шеър танҳо ва танҳо тозагўӣ ва тозаёбиро тақозо дорад ва шоирро водор мекунад мудом омўзанда, ҷўянда ва беш аз пеш пўянда бошад дар шебу фарозҳои маънавӣ ва дарёфтҳои тафаккури башарӣ. Ин шева шеваи тафаккур, тааққул, тасаввур, тахайюл, рамз ва ибҳом аст. Аз ин рў, услубҳои тафсир ва ташреҳро ҳамроҳ медорад». Дар миёни шуарои муваффақи тоҷик дар ин росто Доро Наҷот пеш аз ҳама шоирони ҷавонмарг Искандари Хатлонӣ ва Миралии Раззоқ, баъдан Гулназар, Фарзона, Суруш, Ворис, Зиё Абдулло, Абдулқодири Раҳим, Алимуҳаммади Муродӣ, Озарахш, Сиёвуш, Сайёди Ғаффор, Исфандиёр, Адиба ва аз миёни ҷавонтаринҳо Баҳриддини Алавӣ, Ховари Абдулҳай ва Хусрави Саъдуллоро номбар мекунад.
Аз шуарои ҳамнасли Лоиқ Гулназар Келдӣ дар сурудани шеъри сафед ва ба қавли худаш «хусравониҳо» бештар дастёб шудааст. Масалан, дар шеъри «Муҳаббати ман» шоир дар чаҳор банд тасвирҳои тозаву нодире месозад дар шарҳи муҳаббат:
Мўсафеди устухонсафед
Дар халои сиёҳи сандуқи афсурда Бахши рўзи охират ҷўяд кафанворӣ Ногоҳ (оваҳ) ба чашми ў тобад Нигини ангуштарини ҷавониаш, Ки гумон дошт гум гашта
Ин муҳаббати ман аст!
Яке ҷарақа задани нигини гумшуда дар умқи сиёҳи сандуқ пеши чашмони камнури мўйсафеде, ки маргаш анқариб аст, хеле ҷолиб ба назар менамояд. Муҳаббат тимсоли ҷилои нигинест, ки аз фурўғи он вуҷуди фартути мўйсафед дигарбора равшан мешавад. Шоир дар охири ҳар банд мисраи тарҷеи «ин муҳаббати ман аст»-ро ба кор мегирад ва тасвири муҳаббатро аз оғоз то анҷоми шеър бо истифода аз аносири табиат (мурғаке аз замини яхбаста яке донае пайдо мекунад ё канори рўди пуршўр мўраке ба алафи ларзоне сахт часпида аз марг амон меҷўяд, давом медиҳад. Банди охирини шеър баёнгари ҳадафи аслии шоир аст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё