Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

кўшишҳои шоирро дар сохтани шеъри нав нишон медиҳад:
дар чаҳор мисраи аввал мукаррар омадани вожаи сабз ва таноқузи он бо вожаи «сиёҳ», таносуби пунба ва инсон, истифодаи алфози оддӣ, адами қофияву вазн, дар маҷмўъ, риояи зоҳирии сурати шеъри шомлуӣ дар 18 банди дарозу кўтоҳи ин шеъри тўлонӣ идома меёбад, аммо шўре дар зеҳн намеангезад. Дар шеърҳои дигари шоир «Қасидае барои сапеда», «Шикастабанд», «Зангўлаи бедорӣ» ва ғайра, ки аз лиҳози ҳаҷм хеле бузурганд, як навъ пургўӣ ва заъфи ҳунар эҳсос мешавад.
Худи шоир низ номуродии худро дар ин ҷабҳа дарк карда, аммо иллати онро дар уюби ин навъи шеър пай бурда гуфта буд, ки он «дар адабиёти мо пешравие надорад. Ба хаёлам, дар муҳити адабии мо реша нахоҳад давонд, зеро ки ҳазор сол бо арўз хоки мо бардошта шуд. Ин шеър дар хотир намемонад, аз ёд карданаш вазнин, дувум ин ки бо мусиқӣ хонда намешавад.
Мусиқии мо бо арўз як аст. Назари ман ин аст, ки шеъри сафед шоирро бебанду бол мекунад».
Ахавони Солис дар пешгуфтори нашри дувуми «Охири Шоҳнома» нуқси шеъри сафедро дар нокомилии он гумон карда, аз ин навъ «шеваи номавзун» даст кашида буд ва як гурўҳи шуарои маъруф амали ўро пайгирӣ кардаанд. Аммо дар Эрон бо ин ҳама пазируфтану нопазируфтанҳо шеъри сапед хеле рушд карда ва ба тамоюлҳое иҷтимоию ҳамосӣ (намояндаи бузургтаринаш Аҳмади Шомлу) ва тағаззулӣ (намояндаи тавонояш Сўҳроби Сипеҳрӣ) ҷудо шудааст.
Дар мавриди шеъри тоҷикӣ низ мунаққид Абдураҳмони Абдуманон ҳамин ду равияро мушоҳида кардааст. Ба фикри ў, «чи дар Эрон ва чи дар Тоҷикистон ин тамоюл аз ду равияи умда иборат аст. Пояҳои ҳарду равияро дар Тоҷикистон устод Мўъмин Қаноат гузоштааст. Ҳоло дар равияи аввал Гулназар, Зиё Абдулло ва дар равияи дувум Доро Наҷот, Абдуқодири Раҳим қалам меронанд».
Яке аз беҳтарин гўяндагон ва ноқидони шеъри нави тоҷик Доро Наҷот мўътақид аст, ки «ин шева бештар ҷўяндагӣ, вежагиҳои дарку эҳсос, яъне, нерўи даррок, ҳисомезӣ ва таҳаввули беш аз панҷгонагии хавос (ҳосаҳо) ва ёбандагиҳои тозаи зеҳниро тақозо дорад (ба ҷои қофиясозӣ, вазнпардозӣ, ки хеле мушобеҳанд ба намудҳои бозӣ).

пешина
аз 500
навбатӣ