Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Аммо шеъри сапед зоҳиран бенизом аст, бинобар ин, мушкилоти гўяндагон ва хонандагони шеър бамаротиб афзун аст.
Аз ин ҷост, ки худи мафҳуми «шеър» низ имрўз ба таҷдиди назар ниёз дорад. Дигар қофияву радиф, вазну таобири маъмули шеърӣ, қаволиби суннатӣ ва мавҷудияти воҳиде чун байт наметавонад аносири асосии шеър бошад. Лузуми шеърӣ алъон аз аносири дигар фароҳам меояд. Ба қавли Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ: «Шеър дар ҳақиқат чизе нест ҷуз шикастани нурми забони оддӣ ва мантиқӣ».
Шоири тоҷик Доро Наҷот муаллифи маҷмўаҳои «Тулўе дар ғуруб» ва «Дар он сўи хобҳо» шеъри сафедро падидае аз тафаккури тоза меҳисобад ва чунин шарҳ медиҳад: «Ин шеъре, ки «мудерн» мегўянд, бештар маъмул ба унвони шеъри сапед аст. Шеъре, ки қоидаҳои арўз ва радифу қофия дар он риоят намешавад, вале унсурҳо ва равишҳои вежа дорад. Аз ҷумла, зарбу оҳанг, мусиқоӣ, истиораҳо, парадоксҳо (мутаноқизномаҳо), тасвирҳо, ибҳом, шабоҳатсозиҳо, рамз ва ғайра. Дар ин намуди ашё ва тамоми мавҷудот ва мафоҳим мисли инсон фикру амал мекунанд. Яъне, як санг метавонад нола кунад, ранг метавонад бишнавад, садо бишамад, дида метавонад бибўяд, бичашад, бирақсад ва амсоли ин».
Дар Тоҷикистон шеъри сапед хеле босуръат интишор меёбад. Аммо нақди он заиф буда, қавонинаш таъйин нашудааст. Яке аз аввалин шоироне, ки дар шакли шомлуӣ ё шеъри сапед дар кишвари мо қувва озмудааст, устод Лоиқ буд, аммо бояд эътироф кард, ки ин шоири навпардоз ва пурҳунари тоҷик дар навъи мазкур муваффақ нагардид. Масалан, дар нахустин шеъри сапедаш, ки бо унвони «Шеъри сапеди тиллои сапед» соли 1983 ба табъ расид, нафаси гарми шеър эҳсос намешавад:
Қоматат сабз,
Шоху баргат сабз,
Ғунчаат сабз,
Аммо барои ту,
Барои сарсабзии ту.
Ҷони сиёҳ мекананд деҳқонон.
Банди аввали шеъри мазкур, ки ин ҷо нақл шуд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё