Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Аносири ҳунарии шеъри озод дар ин давра хеле корхўрда шуда, имконияти навоварӣ дар заминаи шеъри сапед бештар фазои мусоид ва холӣ фароҳам овард.
Ҳоло шеъри нав дар Тоҷикистон ба ду шохаи мустақил ҷудо шудааст, ки яке арўзи озод ва дигаре «шеъри сапед»
ном гирифта, онро дар Ғарб «модерн, «шеъри мансур», дар Эрон «хусравонӣ» ё «навхусравонӣ» (дар робита бо сурудҳои Борбад ва Накисо, ки дар ҳузури шоҳ Хусрави Парвизи Сосонӣ иҷро мешуд) низ мегўянд. Бархе аз донишмандони эронӣ «шеъри мансур»-ро ба ин далел, ки гўё насрзада ва орӣ аз шеърияти баланд аст, хуш надоранд. Аммо доктор Шафеии Кадканӣ боби махсусеро дар китоби «Мусиқии шеър» перомуни шеъри мансур таълиф кардааст.
Дар қиёс бо шеъри нави Тоҷикистон дар шеъри нави Эрон, ки хеле тундтар аз мо пеш рафтааст, ба қавли Сируси Шамисо се шева роиҷ аст:
- Шеъри озод, ки вазни арўзӣ дорад, аммо ҷои қофияҳо мушаххас нест.
- Шеъри сапед, ки ҳарчанд оҳангин аст, аммо вазни арўзӣ надорад ва ҷои қофияҳо ҳам дар он мушаххас нест.
- Шеъри мавҷи нав, ки на танҳо вазни арўзӣ надорад ва фарқи он бо наср маъмулан дар ифодаи матлаб ва тарзи хоси баён ва ба таври куллӣ дар тахайюли шеърӣ аст.
Дар шеъри Тоҷикистон шеваи «мавҷи нав» ҳанўз шохаи мустақил нест, ҳарчанд ки нишонаҳое аз он гоҳ-гоҳ рў мезананд. Маъмултарин ва мақбултарин шева «арўзи озод» аст.
Арўзи озод бо вежагии хосаи зарбу оҳанг, қофияву сохтори шеър ва тасвирҳои тоза дар зеҳни мардуми форсизабон тезтар ҷой пайдо кард, ҳарчанд ки дар хотир ҳифз кардани он ба илали адами низоми муқаррар мушкилиҳо дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё