Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Шеъри ҷадиди Тоҷикистонро дар роҳи дарёфти ҷавҳари шеърӣ ба чаҳор марҳала метавон ҷудо кард:
Марҳалаи аввал бо номҳои Айнӣ, Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ ва ҷавонтарин намояндаи он давра шоири ғўрамарг Ҳабиб Юсуфӣ вобаста аст, ки дар тавлид ва густариши шеъри нав замина гузоштаанд. Қобили зикр аст, ки навоварони ин насл бештар дар тағйири дарунмояи шеър шикастани авзони арўз, қонуни тасовии мисраъҳо, вуруди лаҳазоти рўзгори иҷтимоӣ, иваз шудани мухотаби шеър (аз ашроф ба омма), гироиш ба соданависӣ ба мушоҳида меояд.
Насли дувуми шоирон М. Турсунзода, Б. Раҳимзода, М. Миршакар, А Шукўҳӣ, Ғ. Мирзо, М. Шералӣ ва дигарон кўшиши навпардозиро баҳри пойдорӣ ва бақои шеъри нав идома доданд. Вежагии асосии шеъри онҳо содагӣ ва самимият, хитобаҳои оташин, афзалияти мавзўоти инқилобӣ, мадҳи Ленин, ҳизби коммунист ва дифои идеологияи шўравӣ буд.
Насли баъдинаи шоирон Мўъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Гулназар, Бозор Собир, Қутбӣ Киром, Аскар Ҳаким, Саидалӣ Маъмур, Убайд Раҷаб ва чанди дигар дар радифи шеъри суннатӣ ба шеъри нав сахттар гаравиданд ва дар навиштаҳои навпардозонаи хеш тавфиқи бештар ба даст оварданд. Дар қиёс бо шуарои наслҳои пешин инҳо аз таҷрибаи шуарои Эрон ва Афғонистон фузун бархурдор буданд.
Бархе аз шуаро ҳини сафарҳо ба ин мамолики ҳамзабонон ошноии наздиктар бо шеъри ҳампешагони ҳамзамон пайдо карданд ва дар матбуоти даврӣ шеъри ғайримаъмули ҳамзабонони хориҷаро фаровон ба табъ расониданд. Маҳз дар ҳамин давра бо кўшиши шуарои фавқуззикр шеъри озод дар Тоҷикистон ҷойгоҳи шоиста ва пойгоҳи устувор дарёфт намуд. Дар сабки шеъри ин давра тасвиргароӣ, шаклҳои тозаи шеърӣ, гироиш ба матолиби хештаншиносӣ, ирфонӣ, ҳувияти миллӣ, масоили иҷтимоъ ва ғайра роиҷ гардиданд. Тавлиди шеъри сапед низ ба ҳамин марҳала мувофиқ омад.
Тозаҷўӣ дар шеъри насли нав, ки намояндагони он Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ, Низом Қосим, Доро Наҷот, Сиёвуш, Фарзона, Озарахш, Суруш, Адиба, Шаҳноз ва чанд тани дигар ҳастанд, ғолибан дар нерўманд шудани ҷанбаи ҳунарӣ, ғановати дарунмояи шеър, тасвири инсони пушти шеър бо ҷаҳоншиносии имрўзин, истифодаи вофири таобири мустаъмали рўз, вуруди масоили иҷтимоӣ ба шеър, истеъмоли шеваҳои мухталифи ҳисомезӣ, самбулҳо ва рамзу истиора падид омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё