Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аммо замони нав бо тамоми рушди босуръати технологии ҷадид, алоқаи электрониву интернет, парвози инсон ба кайҳон, бомбаҳои атомӣ ва ғайра натавонист, ки ба рўи ин анвои ҳазорсола хати батлон кашад. Танҳо фурсате лозим буд, ки барои ифодаи матлабҳои тоза ва нигоҳи нав равиши дигаре рўи кор ояд ва муваффақтарин шоир дар ҷодаи ибтикорот дар ин замина устод Лоиқ Шералӣ гардид.
Ҷараёни дигар «шеъри ҷадид», «арўзи озод» ё «шеъри нимоӣ» аст, ки аз соли 1918 арзи вуҷуд намуд ва аз замири он шохаи дигаре бо номи «шеъри сапед» руста барои худ ҷойгоҳе устувор пайдо кард.
Ҷараёни ҷадиди шеъри муосири тоҷикӣ аз «Марши ҳуррият»-и Садриддин Айнӣ (1918) ибтидо мегирад, ҳарчанд ки зимнан решаҳои он то «Авасто» мерасанд. Дар ташаккул ва таҳаввули он заминаҳои миллӣ, таъсири адабиёти рус ва хоса, шеъри нави Эрон нақши муҳим доранд. Дар тафовут бо шуарои Эрон, ки аз модернизми Ғарб, аз ҷумла ашъори навгароёнаи Бодлер, Артур Рембо, Стефан Маллерма тавассути мутарҷимон ба хубӣ бархурдор буданд, шуарои тоҷик бештар аз роҳи омўзиши таҷоруби эрониён ва русҳо аз дастовардҳои шеъри озод ва ҷараёни сайёли зеҳн, сюрреализм, самбулизм, натурализм ва дигар ҷараёнҳои адабиёти модернӣ огоҳӣ пайдо кардаанд. Муҳимтарин тозакориҳои Нимо, ки аз шикастани қонуни тасовии мисраъҳо, корбурди ғайримаъмули қофия ва шикастани норми забони оддӣ иборат буд, дар ашъори Таваллулӣ, Маҳдӣ Ахавони Солис, Симини Беҳбаҳонӣ, Фурўғи Фаррухзод, Ҳушанги Ибтиҳоҷи Соя, Аҳмади Шомлу, Сўҳроби Сипеҳрӣ бо ибтикороти бнштаре рушд карданд ва ба адабиёти тоҷик низ бетаъсир намонданд. Аз ҷониби дигар, навпардозиҳои шуарои рус А. Блок, В. Маяковский, Д. Бедний, В. Хлебников, И. Северянин, Л. Гумилёв, А. Ахматова ва дигарон дар ибтидои асри мозӣ дар қаламрави ҷамоҳири собиқ шўравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон интишор ёфта буданд. Бо назардошти ин авомили файзбахш ва такя ба заминаҳои қадими худӣ шеъри ҷадиди Тоҷикистон таърихи бештар аз 80-солаи худро сипарӣ намуд ва дар усули шеъргўиву ифодаи матлаб, мазмунсозиву маънипардозӣ вежагиҳои хосае рўи кор овард.

пешина
аз 500
навбатӣ