Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамин тариқ, анҷумани нахустини адабии Тоҷикистон дар партави интиқоди сиёсати раҳбарии Абдураҳим Ҳоҷибоев ва Нусратуллоҳ Махсум ҷараён гирифта, аҳамияти сиёсӣ пайдо кард ва ба яке аз чораҷўиҳои ҳадафманди вақт дар роҳи «фошсозӣ» ва «маҳкумияти раҳбарони собиқи тоҷик» табдил ёфт. Танқиди сиёсати Ҳоҷибоев ва Махсум дар равандҳои адабӣ минбаъд низ ҷараён дошт. Махсусан, пас аз он ки (охири соли 1934) саҳвҳои сиёсии Г. Бройдо низ ошкор гардид, ба ҷойгоҳи ў дар маҷмўи фаъолияти раҳбарони собиқ Нусратуллоҳ Махсум ва Абдураҳим Ҳоҷибоев таваҷҷўҳ шуд, ҳизби коммунист аз Г. Бройдо ба унвони «ташаннуҷдиҳандаи ҳайсияти миллӣ» ёд кард. Аз ҷумла, Мавлонбеков дар нутқаш ба ин маънӣ ишора дорад: «Миллатчиёни буржуазӣ – Нусратуллоҳ Махсум, Ҳоҷибоюф ва думравони онон – душманони халқи тоҷик чандин сол ба тараққӣ кардани ҷумҳурияти мо монеъ шуда истодаанд. Бройдо дар ҳақиқат роҳи онҳоро давом дода ва чуқуртар карда буд» (5, 23).
Аз ҷараёни нақду сарзаниши фаъолияти яксолаи сиёсии Г. Бройдо маълум мешавад, ки ў низ ба иттиҳоми миллатгароӣ ва тоҷикпарастӣ муҷрим гардид ва ба гирдоби тезу тунди «тамоюли Ҳоҷибоевгароӣ» кашида шуд. Нақди сиёсии Г.
Бройдо моҳиятан идомаи нақди сиёсии А. Ҳоҷибоев дар амри миллатгароӣ гардид.
Дар нақду таҳлилҳои раҳбари нави ҳизбии Тоҷикистон С. Шадунс дарёфти ҳамоҳангии кору амали Г. Бройдо бо мўҳтаво ва мақсадҳои миллатпарастонаи А. Муҳиддинов аҳамияти сиёсӣ пайдо кард; маълум шуд, ки Г. Бройдо низ ба мисли А. Ҳоҷибоев «масъалаи ба Тоҷикистон мулҳақ кардани Бухорову Самарқандро матраҳ» (6) карда будааст, вай дар мақоми сарварӣ «ба куллӣ ба мавқеияти миллатпарастии тоҷик гузашт, миллатгароии олимақоми рус ва ўзбакро нақд карда, ба вежа амали дувумиро нисбат ба он беадолатиҳое, ки нисбат ба сарнавишти тоҷикон ва таърихи ин халқ ба бор овардааст, ошкоро маҳкум намуд» (8).
Ин натиҷагирӣ, ки «Шадунс дар мавриди Бройдо бо сахтгирии ҳизбӣ ҳарф зад, вале худи ў низ дар айёми иҷрои вазифа ба масъалаи шакли миллӣ ва адабиёти гузаштаи тоҷик бармегардад ва дар ин ришта корҳои ҷолибе ба роҳ меандозад» (8), дар самти муносибати Г.

пешина
аз 500
навбатӣ