Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Таркибу ибораҳои сабки Бедил низ, мисли «рамзошнои қоидаи интихоб», «ранги вафо», «қайди фано», «шикани дил», «шикани тарфи кулоҳ», «таслими соя», «тўфони хоб», «мавҷи муҳит», «субҳи ҷунун», «субҳи айш», «ҷайби шом», «рақами мавҷ», «ранги имкон», «оинадори кулфат», «тилисми ҷаҳоннамо» барои ифодаи матолиби шоир коргар омадаанд. Сират дар ашъораш калимаҳои мураккабро низ бавофир истифода намудааст, «ҷилванигор», «товусҷилва», «алампараст», «тиратабъ», «балосайд», «тамомойина», «хасмтимсол», «ҳарзадавӣ» ва ғайра.
Масалан, дар байте мегўяд:
Ҷаҳони ҷилванигоре маро дар ойина аст, Сикандарам, ки тилисми ҷаҳоннамо дорам.
Дар байти дигар вожаи «хасмтимсол»-ро хеле бамавқеъ истифода намудааст:
Хун шав, эй ойина, дар ҳасрати акси рухи ёр, Хасмтимсол бувад ҳусн, ки якто бошад.
Вожаи «ойина» дар шеъри Бедил ва пайравони сабки ў аз калимоти калидӣ буда, нақши он дар тасвирсозӣ хеле равшан аст. Ба ғайр аз он ки шоир ғазали комиле дорад бо радифи «ойина» (ин ғазал аз осори номатбўи шоир аст, ки дар тазкираи Абдӣ маҳфуз мондааст ва мо онро аз ҳамин сарчашма интиқол намудаем), бо истифода аз ҳамин калима мазмунҳои нафисе сохтааст. Чунончи:
Диламро хонаи ойина бинмой…
Ман аз дил дил зи ман ойина медид…
В-арна кай ойинаи мо тўҳмати зангор дошт…
На ҳамин ойина аз шарми рухат обасту бас…
Ҳайрат зи дил бар ойинаи дида об рехт…
Чизе натавон дид дар ойинаи зону …
Яке аз анвои дилпазири ашъори Сират муфрадот аст, ки дар он табъи баланду сухани обдори ў ба сароҳати комил ба мушоҳида меояд. Масалан, дар фарде бо камоли устодӣ иҳомро ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё