Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Ба пойбўсии ту то кай ҳино расад, ман ҳам, Зи ашки хуншуда ранги гули ҳино дорам.
Ғазалиёти Сират басо ширину намакин ҳастанд. Дар баъзе ғазалҳо шоир сар то ба по ҷиносро чунон моҳирона ба кор бурдааст, ки ба шеъри ў лаззати нотакроре ато намудааст:
Тугма аз банди қабо дармакушою бикушой, Як дам аз пераҳани худ бибарою ба бар ой.
Шиша пурмай куну соқӣ, қадаҳ аз каф магузор, Шаби васл аст, муғаннӣ, ба сар ою бисарой.
Хонаи дил, ки ман аз ғайри ту пардохтаам, Ба фусунҳои рақибон мадарою бидарой.
Ҳайрати дидаам аз ойина кам нест маро, Лутф кун, чеҳра тағофул манамою бинамой.
Сират аз қомати хам ҳалқа бар он дар задааст, Як дам аз хона карам кун, ба дар ою бидарой.
Чунин ба мушоҳида расид, ки таҷнис аз саноеи писандидаи Сират аст ва ў дўст медорад, ки вожаву таркибҳои зоҳиран ҳаммонандро бо тобишҳои тозаву ғайриинтизор ба кор барад:
Абрўи ту гуфтам ба яқин ҷон биситонад, Дарҳам шуду гуфто, чӣ гумон аст, камон аст.
Ин ҷо вожаҳои гумон ва камон, ки ба хати форсӣ тарзи ягонаи навишт доранд, як навъи таҷнис мебошанд.
Дар рубоии зерин низ ҳамин санъат устодона ба кор рафтааст:
Дӣ соғари май бахт ба дастат додам, Фарёд, ки имрўз зи дастат додам.
Сабру хираду ҳуш зи дастат додам, Дар гўши ту кай расад, зи дастат додам.
Дар ин рубоӣ таркибҳои «ба даст додан» ва «зи даст додан» гоҳе ба маънии узви инсон ва гоҳи дигар ба маънии маҳрум шудан аз чизе ифода ёфтаанд.
Сират аз пайравони сабки Бедил аст ва ба маъниҳои печидаву таъқид, ба таркибу ибороти сабки ҳиндӣ майли зиёд дорад. Вожаҳои пуркорбурди шеъри Бедил, аз қабили ойина, ранг, бў, ҳайрат, ҳубоб, мавҷ, аҷз, ҷилва, фано, ваҳшат, ҷавлон, имкон, ваҳм, муҳит, рақам, шикас, ҷунун, ҳасрат ва ғайра фазои шеъри ўро пур карда, ба шеъри ў накҳати чаманистони ашъори Бедилро интишор намудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё