Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Хаёли зулфи қади ёр мекунам, Сират, Баландфикраму андешаи расо дорам.
Ин байт мақтаи ғазалест бо радифи «дорам» ва мазмунан байти ифтихорист, ки дар он шоир аз фикри баланд ва андешаи расои худ фахр кардааст. Аммо ин матлабро дар пайвастагӣ бо қади баланди ёр ифода кардааст, ки дар ниҳоят баландии фикр ва баландии қади ёр таносуби зебое ба ҳосил овардааст.
Байти зерин бозгўи матлаби маъруф аст дар бораи беқадрии гули коғазин ва беарзишии ҳунари тақлидгар. Шоир ин маъниро хеле латиф ба силки назм кашидааст:
Кайфияти таҳқиқ зи тақлид маҷўед, Ҳаргиз гули коғаз ба димоғе надиҳад бў.
Дар ашъори Сират такрори овозу калимот, ки барои хушоҳангии шеър мусоидат менамояд, ба мушоҳида меояд:
Шикани дил шикани тарфи кулоҳ аст маро, К-ин шикан дар шикани зулфи шикан дар шикан аст.
Дар байти мазкур 6 маротиба калимаи «шикан» такрор шудааст, вале такрори маҳз нест, дар ҳар маврид матлаби дигаре дар назар аст.
Дар байти зерин низ ҳамин ҳодисаи забонӣ ба назар мерасад, ки имкон дорад онро чун навъи таҷнис низ шарҳ диҳем:
Оламе ҳасрати дидори ту дар дил доранд, Доғи чун лола чу ман, сад чу ман аз ин чаман аст.
Вожаҳои «чу ман», «чу ман» ва «чаман» мисраи дувуми шеърро хеле латифу хушоҳанг кардаанд.
Ҳунари тасвиргарии шоир дар ағлаби ғазалиёти ў ба хубӣ зуҳур кардааст. Ў ранги сурхи ҳиноро, ки дар пои маъшуқ бастаанд, бо ранги хуни худ қиёс мекунад ва имтиёзи ҳиноро, ки лаззати пойбўсии кафи пои ёр насибаш аст, бо алам ва ҳасад зикр мекунад:
Чанд хунам гиламанди кафи раъно бошад, То ба кай лаззати побўсӣ ҳиноро бошад.
Ҳамин матлабро ба тариқи дигар дар ғазали зерин низ баён намудааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё