Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳама гарми самову пойкўбон,
Ҳама дар рақси дасту каллаҷунбон.
Чу мурғони ҳаво гаҳ дар паридан, Чу моҳӣ гаҳ ба хушкӣ дар тапидан.
Ба гоҳи рақс, то ҷон дар бадан буд, Зи худ рафтан, ба худ бозомадан буд.
Дар он маҳфил гурўҳи сеҳрпардоз, Ба чолокӣ ҳавопаймо фалактоз.
Ҳама маззоҳи ширинкори солор, Ки шуд шогирдашон чархи фусункор.
Ба шўрангезии аҳли тамошо,
Биороянд анвои ҳунарҳо.
Гаҳе миранд, гоҳе зинда гарданд, Гаҳе зан, гаҳ хуносо, гоҳ марданд.
Чу холи лаъли ширин дар тасаввур, Куҷо бошанд ҳиндуи шакарпур.
Гаҳе боло ҷаҳанд аз ҷой, гаҳ зер, Сабукбору сабукрўҳу сабуксер.
Аз ду қасидае, ки дар девон ҷой дода шудааст, яке дар васфи Амир Музаффар гуфта шудааст ва дигаре дар ҳаққи муршиди шоир халифа Абдулсаттор. Ҳарду қасида ҳам аз лиҳози мазмун мадҳия аст ва шоир дар онҳо мамдўҳони худро бо камоли суханпардозӣ ситоиш намудаву дар ҳаққашон дуои хайр намудааст.
Беҳтарин сурудаҳои Сиратро дар анвои ғазал метавон мушоҳида кард. Байти зерин гувоҳи тозагии фикру тасвир ва ҷазаботи ашъор аст.
Бигзоштам ба рўйи ту ин дидаи пуроб, Бояд матои таршуда бурдан ба офтоб.
Ин ҷо шоир рўи маъшуқи худро ба офтоб монанд мекунад ва дидаи пуроби худро ба матои таршуда ва маънии зебое ба бор меорад: чуноне ки офтоб бо нуру гармии худ матои таршударо хушк мекунад, дидаи пуроби ошиқ низ дар рў ба рўи чеҳраи хуршедии маъшуқ аз гиристан бозмемонад.
Дар ғазали дигар мегўяд:

пешина
аз 500
навбатӣ