Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Намедонам, чӣ андар пераҳан дошт, Ки нур аз вай аламҳо мебарафрошт.
Сират дар тасвирсозӣ воқеан ҳам дасти тавоно дорад. Ў инсон, манзара ва ё ҳолатро чунон моҳирона ба риштаи назм мекашад, ки матлаб дар зеҳни хонанда хеле равшан таҷассум меёбад. Масалан, дар маснавии «Базми ҳайрат», ки сухан дар бораи базми шоҳона дар Шаҳрисабз меравад, шоир рақсу хурсандии аҳли базмро хеле ҷаззоб офаридааст:
Дар он маҷмаъ ҷаҳоне ҷамъ гашта, Чу парвона ба гирди шамъ гашта.
Қиёмат шўрбазме гашта барпо,
Ҳаёти тоза дида мурдадилҳо.
Зи мутрибҳо баланд овози танбўр, Садои чанги нояш сурмаи сур.
Малак аз нағмаи мизмор беҳуш, Зи овози дуҳулҳо раъд хомўш.
Дар абёти сонӣ манзараи дилхушиву рақси аҳли маҳфил ба мушоҳида меояд, ки воқеан на танҳо аз назари тасвирсозӣ, балки аз назари бозтоби воқеоти таърихӣ ва расму ойин низ қобили таваҷҷўҳ аст:
Ҳама дар ҷилва масти ишваву ноз, Ҳама дар дилрабоӣ сеҳрпардоз.
Ҳама дар рақсу бозӣ ҳамтарозу, Гаҳе бар по даванду гаҳ ба зону.
Писар як бор, духтар бори дигар, Замоне хоҳару вақте бародар.
Барои бурдани дилҳо ба найранг, Ниқоби ҷилва афканда ба сад ранг.
Гурўҳе сўфиён дар зикри ёҳу,
Ба гардун бурда фарёди ҳаёҳу.
Гаҳе ҳалқа зада чун ҳалқаи ҷом, Майи тавҳид з-он нўшида дар ком.
Гаҳе чун ғунча бар ҳам чида авроқ, Шуда гардан ба гардан, соқ бо соқ.
Ба гирдаш гарди бодосо ҷунунхез, Каф оварда даҳонҳо гашта лабрез.

пешина
аз 500
навбатӣ